Бӯҳрони ҲНИТ ва Ҳукумат ҷиддитар мешавад? (хулосаи матбуот)

Номаи ҲНИТ ба Президент, баҳси бурду бохт ва бо иттиҳоди АвруОсиё будан ё набудани Тоҷикистон, баста шудани ягона гимназияи исломӣ дар Душанбе, нарху навои бозор дар аввалин рӯзҳои моҳи Рамазон аз мавзӯҳои аслии нашрияҳои чопи Душанбе буданд.

“Азия-плюс” (№ 47 (1030), 18 июни соли 2015) дар мақолаи “Власти наступают, ПИВТ предупреждает” вазъи имрӯзаи ҳизби исломии кишварро ба таҳлил кашидааст. Нашрия менависад, ки ҳукуматдорон маъракаи гунаҳгорсозии сарвари ҲНИТ Муҳиддин Кабириро оғоз кардаанд ва ҳоло ӯро ба таҳаллуби молӣ муттаҳам мекунанд. Аммо ҲНИТ бо номае ба Президент Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардааст. Аз назари коршиносони ин нашрия Муҳиддин Кабириро низ сарнавишти Зайд Саидов интизор аст. Коршинос Абдумалик Қодиров гуфтааст, ки ҳарчанд ҲНИТ талош кард барои охирин бор бо пахши ин нома садояшро бишнаванд, вале баъид аст шунида шавад. Зеро, ба андешаи ин коршинос, дар Тоҷикистон  коре бидуни мувофиқа бо нафари аввал сурат намегирад. Раҷаби Мирзо бар ин назар аст, ки боварии мардум ҳам ба ҳукумат ва ҳам ба мухолифон намондааст. “Ин дар ҳақиқат хатарнок аст”,-гуфтааст ӯ. Парвиз Муллоҷонов муроҷиати ҲНИТ ба Президентро буҳрони нави ҳукумат ва ин ҳизб номидааст ва онро хеле ҷиддитар аз буҳронҳои қаблӣ медонад.

“Фараж” (№ 25 (446), 17 июни соли 2015) дар масъалаи баҳсбарангези баста шудани ягона гимназияи исломӣ дар шаҳри Душанбе мақола чоп карда, пурсидааст, ки  маблағи ба хотири харидории бинои гимназия аз волидон ҷамъоваришуда куҷо шуд? Албатта, посухи ин сол ҳанӯз пайдо нест, вале нашрия менависад, ки “ниёз ба таълими исломӣ дар кишвар вуҷуд дорад ва бастани мадрасаву мактабҳои расмӣ ва коҳиши шумори толибилмони он боис мешавад, то ташнагони таҳсили динӣ ба ҳар роҳе худро ба хориҷ бизананд.

“Озодагон” (№ 23 (379), 17 июни соли 2015) низ дар атрофи ин баҳс аз коршиносонаш суол кардааст, ки дар Тоҷикистон гимназияи исломӣ бошад ё набошад.? Устоди донишгоҳ Саъдӣ Маҳдӣ гуфтааст, ки “Борҳо гуфтаем ва бори дигар мегӯем, ки таълими исломӣ  дар мазҳаби ҳанафӣ на танҳо дар мактабҳои сирф исломӣ, балки дар мактабҳои  давлатӣ низ амри зарурист. Чаро? Имрӯзҳо  ҷавонон аз сабаби ошноӣ надоштан ба фиқҳи ҳанафӣ ба ҳар гуна  ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ рафта истодаанд. Танҳо мазҳаби таҳаммулгарои  Имоми Аъзам ва додани  минбар ба шахсиятҳои маъруфи ин мазҳаб метавонад пеши роҳи ифротгароиро бигирад”. Ҷомеашинос Меҳмоншоҳи Шарифзода низ гуфтааст, ки  “гимназияи исломӣ ва ё миллӣ-исломӣ дар Тоҷикистон агар мехоҳем як фазои  солими иҷтимоӣ дошта бошем, як амри зарурист”.

“Озодагон” (№ 23 (379), 17 июни соли 2015) дар масъалаи дурнамои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё барои Тоҷикистон матлаб чоп кардааст ва суханони коршинос Саймиддин Дӯстовро иқтибос овардааст, ки мегӯяд: “Иттиҳод аз лиҳози улуми сиёсӣ ба гунае нест, ки раванди табиӣ номида шавад. Зеро дар ин раванд ҳама чиз аз иродаи субъектҳои сиёсӣ вобаста мебошад”. Дӯстов ин иттиҳодро лоиҳаи сиёсии Кремлин донистааст ва гуфтааст, ки “Тоҷикистон бояд ба ин иттиҳод ҳамчун ба як лоиҳаи сиёсӣ муносибат кунад. Таҷрибаи тамоми  равандҳои ҳамгироӣ дар ин минтақа бо иштироки  Русия ба мо  чеҳраи мусбатро нишон намедиҳад. Мо баъди бастани як қарордод бо Русия дар умури муҳоҷират дар соли 2013 дар натиҷа чӣ гирифтем, 230 ҳазор муҳоҷир мамнуъулвуруд шуд. Ҳоло барои мо афсона мегӯянд, ки агар бипайвандед, ба муҳоҷирини шумо чӣ қадар сабукӣ ва осонӣ мешавад”. Аммо авакили парлумон, доктори илми иқтисод Ҳаёт Одинаев гуфтааст, ки дар Парламони Тоҷикистон як комиссияи вижае ташкил шудааст, ки  фоидаву зарари пайвастанро меомӯзад. Иқтисоддони маъруф Ҳоҷимуҳаммад Умаров иброз доштааст, ки Тоҷикистон аз вурудаш ба ин иттиҳод танҳо бурд мекунад.

«СССР»  дар матлаби дигар дар бораи инсоф дар бозорҳои пойтахт дар моҳи шарифи Рамазон навиштааст. Муаллиф мегӯяд “Агар ситами реалӣ ва бозорбандиҳои мири Душанбе дар ин роҳ набошад, номаълум аст, ки бозорнишинони “мусалмон” ба мо дар ин моҳи шарифу қудсӣ чиҳо хоҳанд кард”. 

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Ба СССР!!! Чаро бозорнишинони "точик" нею "мусалмон". Чаро ин хама исломбадбини??? Бовар кунед 90% мусулмонхои точик мисли шумо "мусулмонанд". Так что ислом причем???. Конуни бозор аст, бардорад зам кун, набардошт кам кун. Ислом фоизи муайяни фоидаро дар ягон китоби муътабараш муайян накардааст. Аз ин ру ислому мусулмониро сабабгори баланд шудани нарххо надонед. Зеро тамоми фурушандахо хатмкунандагони мактабхои дуняви хастанд, тарбиягирифтагихои мактабхои дуняви ва телевизионхои давлатии дуняви хастанд, на мадрасахои исломи!!!

Шояд шумо суол ё назаре доред?