Бунёди мактаб ва беморхона бо маблағи Ҷопон дар Хатлон

Ҳукумати Ҷопон барои ду ноҳияи вилояти Хатлон  бо маблағи 208 ҳазор доллар мактаб ва беморхона бунёд кардааст.

Нигора Паллаева, як масъули дафтари матбуоти Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон, ба TojNews гуфт, мактаб ва беморхона барои ду ноҳияи Вилояти Хатлон дар доираи лоиҳаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ” (GGP) амалӣ гаштаанд.

Хонум Паллаева мегӯяд, бинои нави мактаби №11 дар ҷамоати деҳоти “Балҷувон”-и ноҳияи Балҷувон бо иштироки Маърифат Зоирова, раиси ноҳия ва Такаши Окимото, роҳбари бахши матбуотии Сафорати Ҷопон ба истифода дода шуд.

Ҳамчунин дар қишлоқи Меҳнатободи ноҳияи Восеъ бо маблағи Ҳукумати Ҷопон бинои нав барои беморхонаи минтақавии №3 ифтитоҳ шудааст.

-Феълан бо анҷоми бомуваффақи лоиҳа, бинои нави беморхона сохта шуда барои кормандон ва беморон шароити барҳаво ва мусоиди санитарӣ ва муҳити муносиб фароҳам оварда шудааст,-мегӯяд манбаъ.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?