Чанд гилаи Эмомалӣ Раҳмон аз сармоягузорони хориҷӣ

Президент Эмомалӣ Раҳмон аз истифода нашудани захираи об ва энергетикии Тоҷикистон нигаронӣ карда, онро самти муҳимтарини рушди Тоҷикистон унвон кард. 

Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат дар Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чех гуфт, нерӯи умумии солонаи барқи обии Тоҷикистон баробари панҷсаду бисту ҳафт миллиард киловатт - соат мебошад, вале он то имрӯз ба андозаи на зиёда аз панҷ дарсад истифода шудаасту халос. 

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ин ҳолат боиси таассуфи бузург аст, зеро рушду нумӯъи иқтисодӣ ва беҳ гаштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишварро ба таври муассир бозмедорад. 

- Бунёди чунин хаттҳову шабакаҳо метавонанд ба раванди ҷалби сармояҳо ба сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд, миёна ва бузургиқтидор дар кишвари мо ва инчунин ба рушди иқтисодии мамлакат таъсири мусбат гузоранд.  Дар ояндаи начандон дур Тоҷикистон метавонад ба истеҳсолкунандаву содиркунандаи бузурги неруи барқ табдил ёбад. Алҳол аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа раванди лоиҳасозии шабакаи интиқоли барқи байнидавлатии «КАСА - 1000» ҷараён дорад, ки содироти неруи барқро аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ имконпазир мегардонад, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон. 

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин аз захираҳои табиии Тоҷикистон ёд карда, гуфт дар кишвар зиёда аз 600 конҳои маъдан ва ғайримаъдани канданиҳои фоиданок ошкор, кашф ва барои истихроҷ омода мебошанд. 

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар Тоҷикистон комплекси агросаноатӣ аз ҷумла сабзавоткорӣ ва боғдорӣ рушд ёфта, содироти меваҳои тару тоза ва хушк ба кишварҳои дигар рӯ ба афзоиш аст. Вале, мутаассифона, қисми муайяни маҳсулоти кишоварзӣ - бар иллати мавҷуд набудани шароити муносиби нигаҳдорию коркард - пеш аз муҳлат талаф ёфта, то муштариён намерасад.

Гуфтанист, ки Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чех дирӯз 26-уми ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он сарварони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Милош Земан иштирок доштанд. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?