Чанд кашфиёти мусалмонон, ки оламро дигаргун кардааст

Нашрияи машҳури британиёии “The Independent” рӯйхати 20 кашфиёти мусалмононро интишор додааст, ки истинодан ба он дар бораи ҳар кадом маълумот медиҳем.

Биноӣ: Олимони Руми қадим бар ин назар буданд, ки мо барои он мебинем, ки чашмонамон шуъоро мегузаронанд. Аммо олими мусалмон Ибни Ҳайсам, ки дар асри Х зиндагонӣ кардааст, тахмин зад, ки нури рӯшноӣ ба чашмони мо бармехӯрад, мешиканад ва аз ин рӯ мо олами атрофро мебинем. 

Шатранҷ: Шатранҷ дар шакле, ки ҳоло бозӣ мекуннад, дар Эрон сохта шуд ва аз он ҷо ба Ғарб паҳн гардид. Дар асри Х солшумории мо испониҳо, ба шарофати иртиботашон бо олами ислом  бо шоҳмот низ ошно шуданд. 

Собуни муосир: Дар замони юришҳои салибӣ мусалмонон на аз ҳамлаи артиши салибиён даҳшатзада буданд, балки аз он ки аврупоиён хеле зиёд шустушӯ мекарданд  ва аз бадани онҳо бӯйи нофораме мерасад, ба даҳшат меафтоданд. Ҳанӯз дар Мисри Қадим аз собун истифода мекарданд. Вале маҳз арабҳо бо омезиши равғани рустанӣ собунро бо дарки имрӯзи он сохтанд. Шампун низ кашфиёти арабҳост.

Мошинолоти ҳавоӣ сангинтар аз ҳавост:   1000 сол пеш аз парвози бародарон Райт Аббос ибни Фирнос дар соли 852 аз манораи масҷиди ҷомеъи Кордов бо болҳои чӯбӣ худро ба зер афканд. Табиист, ки вай наметавонист парвоз кунад. Вале ба шарофати чатри наҷот (парашют), ки аз болҳо сохта буд, ба замин осон нишаст. Аммо дар синни 70-солагӣ, соли 875 бо болҳои омодашуда аз абрешим ва пар ибни Фирнос аз ҷарӣ ба боло хест ва барояш муяссар шуд, ки муддати 10 дақиқа дар ҳаво бошад.

Моеъ. Олими мусалмон Ҷобир бинни Ҳайён бори аввал моддаҳои моеъро ба гуруҳҳои вобаста ба нуқтаи ҷӯшишашон тақсим кард. Ӯ поягузори кимиёи муосир эътироф шудааст.

Либос: Ватани матоъ барои сару либос ва ғояи истифода аз порчаи пӯшиш Ховари Миёна аст.

Каҳва: Ривоятест, ки чӯпони араб бо исми Холид дар вилояти Каҳва дар Эфиопияи Ҷанубӣ мушоҳида кард, ки бузҳои ӯ баъди он ки барги рустаниеро мехӯранд, худро хеле сархӯш вонамуд мекунанд. Холид ин баргҳоро ҷамъ овард ва аз онҳо шарбат тайёр кард. Гуфта мешавад, ки аз шарбати ӯ аввалин шуда олимони суфӣ нӯшиданд, чун мехостанд шабона хушҳол бошанд, то дар ибодат коҳилӣ накунанд. Соли 1645 бо қаҳва сокинони Венетсия ошно шуданд.  

Гунбаз ва аркҳо: Тарҳи гунбаз ва аркҳо танҳо моли меъмории исломист. Бо техникаи бунёди тарҳҳои гунбазшакл аврупоиён тавассути олимони мусалмон ошно шуданд. Меъмори қасри Генрихи Y дар Британияи Кабир мусалмон буд.

Таҷҳизоти ҷарроҳӣ: Шакли ҳамаи таҷҳизоти ҷарроҳиро олми Анҷелус Ал Заҳравӣ сохтааст. 200 таҷҳизоти ӯ, ҳатто қайчиҳо барои ҷарроҳии чашмон имрӯз ҳам дар олами тибб мавриди истифода мебошанд. Заҳравӣ илман исбот карда буд, ки кӯкҳо бо истифода аз риштаҳои рӯдаи ҳайвонот тадриҷан худашон аз байн мераванд. Вай аввалин ғилофак барои доруро аз ҳамин рӯдаҳо ихтироъ намуд. Дар асри  XIII олими тибб Ибни Нафис системаи хунгардро кашф кард. 

Обиёби бодӣ: Осиёби бодиро бори аввал дар Эрон сохтанд ва онро дар кишварҳои арабӣ такмил доданд. Дар Аврупо аввалин осиёби обӣ баъди 500 сол пайдо шуд. 

Воксин: Воксин (барангезандаҳои кушта ё суст кардашудаи касалиҳои гузаранда, ки барои муҳофиза аз касалӣ ва муолица ба организм гузаронда мешаванд) низ аввалин бор дар олами ислом тайёр карда шудааст. Ба бачаҳои Империяи усмонӣ бар зидди нағзак 50 сол пеш аз он ки ин усули мубориза дар Аврупо пайдо шавад, эм мегузарониданд.

Қалами худнавис: Аввалин қалами худнавис соли 953 бо фармони султони Миср сохта шуд. Султон аз доим тар кардани қалам дар давот хаста мешуд ва амр кард, ки қалами худкор созанд. 

Мафҳуми алгоритм: Мафҳуми алгоритм ва тригонометрия дар Аврупо аз олами Ислом гузашт.

Наҳор (хӯроки нисфирӯзӣ) аз се ғизо:  Алӣ ибни Нафӣ, ки ба Кордов аз Ироқ омада буд, бори аввал Аврупоро бо фарҳанги наҳор бо се ғизо ошно кард. Таоми аввали Ибни Нафӣ шӯрбо буд, дуюм моҳӣ ё гӯшт ва сеюм мева ва ё бесквит. Дар ҳамин айём ба Аврупо аз кишварҳои Шарқ аввалин истаконҳои шишаӣ ворид мешуданд. 

Чек: Чеки бонкии муосир аз коғазест, ки арабҳо истифода мекарданд. Азбаски корвони коло ҳамеша аз ҷониби ғоратгарон ба яғмо бурда мешуд, арабҳо молҳои худро бо навиштаҷоте дар коғаз тиҷорат мекарданд. Ин тарзи муомилот имрӯз ҳам дар Афғонистон ҷангзада бо номи ҳавола вуҷуд дорад. 

Қолинҳо: Қолинҳо низ ба Ааврупо аз кишварҳои мусалмонӣ омадаанд. Ҳамаи техникаи қолибофиро аврупоиён аз мусалмонон харидаанд.  

Рустаниҳои зиннатӣ: Дар асрҳои миёна дар боғҳои аксар кишварҳои аврупоӣ рустаниҳои хӯрокӣ парвариш карда мешуданд, вале рустаниҳои ороишӣ аслан вуҷуд надошт. Гулҳои ороишиву рустаниҳои дигари зиннатиро аврупоиён аз олами Ислом оварда буданд

Борут: Арабҳо бори аввал бурутро ба мақосиди ҷангӣ истифода бурдаанд. Мусалмонон солҳои ҷанги салибӣ аз борут истифода кардаанд, ки он миёни салибиёш даҳшат афканда буд. 

Кайҳон ва Офтоб: Дар асри XI, яъне 500 сол пеш аз Галилео Галилей бисёре аз олимони мусалмон мегуфтанд, ки Замин дар гирди Офтоб чарх мезанад. Тибқи ҳисоби онҳо масофаи байни замину Офтоб 40 253 км-ро (дар амал зиёда аз 200 км) ташкил медиҳад.

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?