Ҷаримаи Фарзона ва Фаридуни Хуршед барои нақзи қонуни танзим

Фаридун ва Фарзонаи Хуршед, саронядаҳои маъруфи тоҷик барои гаҳворабандони пурдабдаба ҷарима шуданд.

Бино ба гуфтаи масъулини Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, 25-уми ноябр Фаридуни Хуршед барои нақзи қонуни танзим 4 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима шудааст. Фаридун ва Фарзонаи Хуршед ба он муттаҳам мешуданд, ки дар яке аз тарабхонаҳои Душанбе маросими гаҳворанбандони духтарчаашонро пурдабдаба баргузор кардаанд.

Аксҳо аз маросими гаҳворанбандони Закия, нахустфарзанди чаҳормоҳаи ин ду сароянда ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Баъди он Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашни маросимҳои миллӣ ба санҷиши гаҳворабандон шурӯъ кард.

Фарзонаи Хуршед баъди расонаӣ шудани гаҳворанбандони духтаарчааш гуфт, ки он на гаҳворабандон, балки хатнатӯй буд, дар қатори туй Закияро гаҳворабандон кардаанд.

Шоира Раҳимҷон, шоир ва рӯзноманигори тоҷик низ баъди паҳн кардани аксҳо аз ин маросим дар шабакаи иҷтимоии Фейбсук барои пурсиш ба прокуратураи шаҳрӣ даъват шуда буд. Ӯ дар саҳифааш дар фейсбук навишт, ки маърака танҳо аз гаҳворабандон иборат набуд.

Закия охири тобистони соли ҷорӣ ба дунё омад, ки баъди он хабари издивоҷи Фарзона ва Фаридун низ расонаӣ шуд. Онҳо гуфтанд, ки қаблан издивоҷ карда буданд.

Фарзонаи Хуршед духтари сарояндаи шинохта Сурайёи Қосим ва хоҳари овозхони пуровоза Шабнами Сурайё мебошад. Фаридуни Хуршед соли 2011 ба рӯи саҳна омадааст. Мухлисонаш ӯро бештар бо таронаи “Эмануэла” мешиносанд. Ӯ соҳиби як маҷмӯаи таронаҳо бо номи “Азизи ман” буда, Соли гузашта барандаи ҷоизаи “Падидаи сол”-и Big Apple Music Awards-2014 гардида буд. Соли равон низ дар ин озмун, ки дар кишвари Олмон баргузор шуд, иштирок дошт.  

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Аз аввал маълум буд, ки Фарзонаву Фариддунро Шоира "подставит" кард. Боз шарм надошта, худашро сафед кард.... Ин хелиҳоро мегӯянд, нонро хӯрду дар нондон туф кард (((
ман шахсан худам дар ин махрака иштирок доштам ин дар хакикат дуруг аст инро Шоира паставит кардааст ...

Шояд шумо суол ё назаре доред?