Ҷаримаи як сокини Нуробод барои додани “ҳоҷиошӣ”

Суди ноҳияи Нуробод як сокини ин ноҳияро барои додани “ҳоҷиошӣ” гунаҳкор дониста, ӯро 4 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаст.

Суд муайян намудааст, ки Туйчӣ Эшонов дар дохили манзили истиқоматиаш ба хотири баргаштани падараш Бегмаҳмад Эшонов аз зиёрати Хонаи Худо (Ҳаҷ) барои тақрибан 150-200 нафар меҳмонон дар як деги калон хӯрок (шӯрбо) омода кардааст.

“Инчунин дар ду ҳуҷра дастархон ороста, дар гирди онҳо тақрибан 15-20 нафарӣ машғули тановули хӯрок будаанд.”

Манбаъ мегӯяд, бо ин кирдораш Туйчӣ Эшонов талаботи моддаи 12 Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон намуда, ҷарима шудааст.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?