Чаро хомӯшакҳо баъзе инсонҳоро бештар неш мезананд?

Суолест, ки хелеҳоро дар ин шабу рӯз ба худ машғул медорад. Дар як утоқ се нафар мехобанд, аммо баъзан хомӯшакҳо танҳо ба яке аз онҳо “ҳамла” мекунанд. Чаро чунин аст?

Илми имрӯз посухи рушане ба ин савол дорад. Ба маънии дигар омӯзиши хислати газандаҳои кӯчак асроре дорад, ки донистани он барои инсонҳо хеле муҳим аст. Аз ҷумла, якеро беш аз дигаре неш задани хомушак.

Дафъатан бояд гуфт, ки генетика ва кимиёи бадан ин калиди дарки эъҷози хомушакҳо низ мебошад. Оморҳо ҳикоят бар он доранд, ки ҳар даҳумин одами кураи Замин барои неши хомӯшакҳо мувофиқанд. 

Пас суоле ба миён меояд, ки воқеъан ҳам чаро хомӯшакҳо ба одамони ҷудогона бештар майл мекунанд? Интихоб аз куҷост?

Аввалан, бояд гӯем, ки танҳо хомӯшакҳои модина неш мезананд. Ба хотири он ки насли солим ба дунё оваранд, онҳоро лозим меояд хун маканд.

Хомӯшакҳои модина хеле эҷодкоранд ва барои наслҳои ояндаи худ онҳо танҳо хуни тозаву беҳтаринро интихоб мекунанд ва мемаканд. Ва пӯшида нест, ки инсон дорои навъи мухталифи хун аст ва он дорои бӯйи хос низ мебошад. Ва хомӯшакҳо ба зудӣ дарк мекунанд, ки хуни кадоме аз одамони як утоқ беҳтару муносибтар аст. Инро онҳо аз масофаи 30 метр эҳсос мекунанд ва ба ҷойи урёни бадани шахси интихобӣ бехато менишинанд. 

Тасаввур кунед, ки бадани инсон дорои наздик ба 100 трилион микроб аст. Мо ҳатто ҳар кадом микробҳои хоси худро дорем, ки онро генетика муайян мекунад. Ва онҳо бахши асосии системаи сироятпазирии бадани мо мебошанд ва ҳатто шустушӯҳои беохир муҷиби он намегарданд, ки бӯйи хоси барои хомӯшак лозим аз он дур шавад. 

Гуруҳи хун ҳам муҳим аст

Агар ба хомушак бӯйи шумо писанд омад, пас вай шуморо раҳо намекунад. Ғайр аз ин таҷрибаҳои гузаронидашуда нишон додаанд, ки хомушакҳо бештар касонеро неш мезананд, ки дорои хуни гуруҳи 1 ва 2 ҳастанд. Аммо майлашон бештар ба одамонест, ки гуруҳи хунашон 1 аст. Яъне, одамони бо гуруҳи хун метавонанд барои хомӯшакҳои ҷолиб бошанд ё набошанд. 

Ин чӣ бӯйи хосест?

Бӯйи бадани инсон аз арақ ва диоксиди карбон вобаста аст, ки аз бадан ҷудо мешавад. Вале муҳимтар аз ҳама бӯйи организми мост. 

Маълум шудааст, ки ҷавҳар ва ё туршии шир барои аксари хомӯшакҳо қобили қабул аст. Ҳамзамон бо ин маҳсулоти ҷудогонае назири панир, йогурт ва ё меваҳо муҷиби фаъол шудани неруи ҷисмонӣ ва ба вуҷуд омадани ҷавҳари шир дар қисмати болоии пӯст мешавад. Ва ин хунхӯрони кӯчакро бештар ҷалб мекунад. 

Мо роҳи дигаре надорем, ки хомӯшакҳоро аз худ дур кунем. Яъне, наметавонем ба хотири неши хомӯшак ё аз тарси он истеъмоли анвоъи меваҷотро коҳиш диҳем.

Ягона коре, ки метавонем ба субот расонем, ин истифодаи роҳҳои муқобила бо неши хомӯшакҳост, ки худ мавзуъи суҳбати ҷудогонаест.  

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?