Чаро “Тоҷпромбонк” моликияташро ба фурӯш гузоштааст?

Маъмурияти муваққатии “Тоҷпромбонк” то 70 адад амволи манқул ва ғайриманқули бонкро ба фурӯш гузошта, ба муштариён пешниҳод кардаанд, ки ба ҷои амонатҳо аз бонк амвол бигиранд.

Ба гуфтаи чанд мизоҷи ин бонк, ки ба дафтари Тоҷнюс омад буданду нахостанд номашон ифшо шавад, роҳбарияти муваққатии бонк ба амонатгузорон чанд пешниҳод мекунанд, ки асоситаринашон дигар кардани шарту шароити нигаҳдории пасандоз, аз ҷумла ба солҳои баъди ақиб партофтани пардохти пасандоз ва фоизҳо, ба ҷои маблағи пасандоз амволи дар тавозуни бонк буда, гирифтани хона, иншоот ва мошин мебошад.

Аммо муштариёни бонк мегӯянд, кормандони бонк нархи молро тақрибан як баробар зиёда карда ба онҳо пешниҳод карданд.

-Мисол як духонагӣ дар Душанберо, ки ҳоло бо қиммати 30-33 ҳазор доллар нарх дорад, бо арзиши 60 ҳазор доллар ба мо пешниҳод карданд. Инчунин як нақлиёти “Опел”-ро, ки дар бозор 3 ҳазор доллар нарх дорад ба мо бо нархи 7 ҳазор доллар пешниҳод кардаанд. Инчунин мо ба мо пешниҳод карданд, ки муҳлати шартномаҳоямонро дароз кунем-мегӯяд муштарии бонк А.Ю.

Ҷамшед ЗиёевДар ҳамин ҳол, дар “Тоҷпромбонк” касе ҳозир нашуд, то дар ин бора шарҳи расмӣ бидиҳад. Ин хабар дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки оғози моҳи август Бонки миллии Тоҷикистон муҳлати ваколати маъмурияти муваққатӣ дар “Тоҷпромбонк”-ро 3 моҳи дигар дароз кард. Маъмурияти муваққатӣ дар ин бонк аз 3-юми майи соли равон амал мекунад.

Раҳбарии маъмурияти муваққатиро Ф. Шарипов ба уҳда дорад, ки аз фарзандони собиқ вазири корҳои дохилӣ Хумдин Шарипов мебошад.Раҳбари пешини ин бонк Ҷамшед Зиёев буд, ки аз афроди наздик ба соҳибкори фироркарда Аваз Назаров ва раиси вақти БМТ Муродалӣ Алимардон мебошад.

Назарҳо

К,,,,,,,М дар ранги и БАНК. Ҳамара фиреб карда мегашт ина окибатуш чи шуд. Давлат кучора нигоҳ мекарда боша дар ҳамаҷо кидаткунияй. ТочиксодиротБанк ҳамара қариби кидат кард. Ина навбати Агроинвестбанк шудай, ман шахсан худум хамируз рафтум Агроинвестбанк пули худма гирифта наметонум, факат коршон ируз пагоҳ биёен мега. Депазитома гирифта натонистестам бовар мекуне. Ай 500 сомони зиёд пулут наметан дар як руз. Акнун фикр кунен дар суратҳисобтон 2000$ дошта бошен сомони метян 500 сомони барои 2000$ гирифтан бояд 20 руз банк биёй, бо очират бести ШАРМАНДАГИ Давлат куҷора нигоҳ дора. ЭЭЭ бас кунен халка азоб додан то кайра ихали мекунен.

Шояд шумо суол ё назаре доред?