Ҷавони 25-солаи суғдӣ бо 225 ҳазор сомонӣ маҳсулоти қочоқӣ ворид кардааст

Як сокини 25-солаи вилояти Суғд бо маблағи 225 ҳазор сомонӣ аз хориҷа бо роҳи қочоқ маҳсулот ворид кардааст.

Дафтари матбуоти Хадамоти гумрук мегӯяд, аз манзили Р.М. дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи Раззоқ ва аз воситаи нақлиёти тамғаи «МАН» ба миқдори қариб 3 ҳазор адад бо вазни умумии 3 ҳазор кг маҳсулоти хӯрокӣ дарёфт ва гирифта шуд.

Ба иттилои манбаъ, маҳсулотҳои мусодирашуда аз ҷумла: тамъхушкунанда, забурӯғҳои гуногун, консерваҳои аз моҳигӣ, уксус, шири хушк, қанди сафед, равғани зайтун, ҷуворимаккаи ширин, нахӯди сабз, шоколад, хамираи помидор, консерва аз гӯшти гов, нахӯди «Агростар», қаймоқи хушк, қайлаи қаламфурӣ, макарони «Смак», ҳалвои «Долино», консерваи бодирингӣ, хамиртурш, карамели «Рошен» ва ғайраҳо мебошанд.

-Молҳои дар боло зикршуда ба шаҳрванд Ҷ. Х. соли таваллудаш 1991 сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафоров тааллуқ дошта номбурда ин миқдор молро бидуни назорати гумруки ғайриқонунӣ аз Қирғизистон ба қаламрави Тоҷикистон ворид намудааст,-таъкид намуд манбаъ.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Ҷ. Х. бо моддаи 289-и қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаӣ ҷинояти оғоз карда шудааст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?