“Чеҳраи сол” аз “Нигоҳ”. Руҳонии сол: Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода

Ба эҳтимоли қавӣ мушкилтарин бахши "Чеҳраи сол" барои соҳибназарон маълум кардани ин номинатсия ба ҳисоб мерафт. Зеро соли гузашта нофаҳмиҳои зиёдеро дар пай дошт.

Чун анъанаи солиёни пеш ҳафтаномаи “Нигоҳ” дар арафаи Наврӯз чеҳраҳои солро муаррифӣ кард.

Ин соле буд, ки ҳукумат аз як сӯ барои "иқдомҳои зиддидиниаш" аз ҷониби мухолифон ва созмонҳои байналмилалӣ маломат мешунид, аз сӯи дигар раҳбарияти кишвар аз сохтмони "масҷиди бузургтарини минтақа" дидан намуда, баъдан оилавӣ ба ҳаҷ рафтанд.

Дар баҳогузорӣ коршиносон ин масоилро зикр мекарданд ва ишора доштанд, ки дар ин шароит касеро арзанда намебинанд, ки тавониста бошад бо ҳама мавқеъгириҳои номуайян бархӯрди таъсиргузор намуда бошад. Бо ин ҳама, дар байни шахсиятҳои ёдшуда исми Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода бештар аз дигарон буд. Ин ҳам дар ҳоле, ки як соли ахир ин шахсияти шинохтаи сиёсӣ -динӣ анқариб лаб ба хомӯшӣ бурда буд. Акнун на масҷиди оилавиашон, ки дар гузашта аз машҳуртаринҳо ба ҳисоб мерафт, фаъол асту на ҳатто сомонаи онҳо. Пас чӣ метавон хулоса кард?

Ҳатто хомӯшии Тӯраҷонзода аз ҳарфу садои дигарон маънои ҷиддитар дорад?

Зиндагинома:

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода 16-уми феврали 1954 дар ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) дар хонаводаи руҳонии маъруф Тураҷон Қаҳҳоров (Эшони Тураҷон) ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм карда ва ҳамзамон бо таҳсили мактаб, аз падар ва бобои модарии худ маълумоти ибтидоии диниро фаро гирифтааст.

Вай солҳои 1972 - 1977 дар мадрасаи Мири Араб дар шаҳри Бухоро ва солҳои 1977 - 1980 дар Донишгоҳи исломии Имом Бухорӣ дар шаҳри Тошканд таҳсил карда ва сипас дар солҳои 1980 - 1982 дар бахши равобити хориҷии Идораи динии мусулмонони Осиёи Миёна ва Қазоқистон (САДУМ) фаъолият доштааст.

Дар соли 1982 донишҷӯи факултаи шариат дар Донишгоҳи Урдун шуд ва онро соли 1987 ба поён бурд. Солҳои 1987 - 1988 дар Донишгоҳи Имом Бухорӣ дар Тошканд аз фиқҳ ва ҳадис дарс додааст.

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар солҳои 1988 - 1993 масъулияти Идораи Қозиёти мусулмонони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дӯш дошт ва дар он замон бо унвони Қозикалон маъруф буд. Ҳамзамон бо ин, дар феврали соли 1990 намояндаи мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипас узви Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз оғози соли 1993 то оғози соли 1998 дар хориҷ аз кишвар ба сар бурда, мақоми ноиби аввали роҳбари Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷикро (ИНОТ) ба дўш доштааст. Ҳамзамон бо ин, дар тамоми тӯли музокироти сулҳи тоҷикон, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода раҳбарии ҳайати музокиракунандаи ИНОТ-ро ба ӯҳда доштааст.

Баъди имзои созишномаҳои сулҳ Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ба мақоми муовини аввали Сарвазири ҶТ таъйин гашта, дар солҳои 1998 то 2005 дар ин симат фаъолият доштааст. Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода солҳои 2005-2010 узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.  

Манбаъ: Википедия

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Чи хел руҳонии сол? Овозаш аз каду ҳам намеояд ку.
хукумат зиди фанатизм мубориза бурд, на дин
кози калон максадаш вазифа буду халос...на дин , на мардум , на ватан.
Шояд яке аз душманони халки точик хамин хамин Акбар бо бародараш Нуриддин бошад. Таърих хиенати ин ду нафарро нахохад бахшид, никогда!!! Прошу запускать мой коммент, ахли нигох.
Манъи ҳиҷоб ва тарошидани реши ҷавонон зидди дин нест? Табдил додани хонаи Худо ба марокизи рақсу бозӣ, инҳо зидди дин нест? Манъи ҷавонони зери 18 сола аз масҷид ин амал зидди дин нест? Аз минбарҳои баланд оёти қуръонро ба масхара гирифтан ва даҳҳо далоили дигар. Ин амалҳо зидди дин нестанд? Шумо зидди дин гуфта чиро дар назар доред? Аз Худо битарсед, рӯзи пеши Худо меравед бо тарафдори кардани золимон худатонро сазовори қаҳру ғазаби Парвардигор дар дунёву охират накунед. Дар пешгоҳи Худованд дигар пушаймони сӯдатон намекунад
Ин хазрат вактеки хукумата дар пойтахт гирифтанд, аз он курсии баланд бо лаби челакаш курсиро тоза намекарду, Ба суи зал чониби тарафдоронаш чашмак намезад мумкин Ин кадар бесаросомонихо рух намедон. Таьрих фаромуш намекунад.
Турачонзода дар тошкант, ки тахсил карда бошад, хатман буйи Ислом-ако мекунад
аввалан хазратро Худованд нигох дорад ва сониян гуфтаниям эй инсоне ки туро номи марди харом аст наход ту барои пул барои мансаб барои маишати дуруза инчо нисбати шахсияти бузург шахсиятеки барои милату дин хизмат бо чашми адоват нигох куни айба намедони шояд ту Эшонро хуб нашиноси агар мешинохти чунин намегуфти товба кун ту дар хаки бобои Эшони Нурдинчон харчи нагу ки Худо мезанадат...инкадар фитнакору шайтонсифатед лаганбрдру русияхед..мард ё зан боши бихон дониш омуз барои ватан хизмат кун халк тура шиносад хуш истикбол кунад ана бад сухан гуи мешавад о ту ки хасти хичкас намедонад ранги шайтон инсу онсу тов мехури халос боки точнюс холата ба худо месупорам суханхои моро чоп кун ....(Зинда бош эй ватан,точикистони озоду ободи манн.,)
Барои чи чашмакзани козиро гуфтен гулрухсор сафиеваро не е бозор собири бединро ман тарафдори кози нестам ва эшони нуриддинро куш накунед олими бузург хаст худо нигохбиншон бошад.
Ҳоҷи Акбар ҳақ аст, зеро ҳар коре ки кард фақат барои дин кард, ун касое ки зиди дин мубориза мебарад, инора ноҳақ мегуяд, худаш ноҳақ аст, чунки ҳақро аз ноҳақ фарқ намекунад,. Як сухани бениҳоят ҳақ инҷо ҳаст бихонед ва ба дигарон бигуед, АГАР ПАЙҒАМ БАРИ ИСЛОМ, САИДИ ФАРЗАНДИ ОДАМ, ДУСТИ ХУДО, МУҲАММАД С.А.В ДАР ҲАМИН ДАВРУ ЗАМОН ТАВАЛУД МЕШУД, ИНО ҲАМИН КАСАМ БА МИСОЛИ ҲАМИН БУЗУРГОН ТАЪНА МЕЗАДАНД. Ба мисоли ҷоҳилоне ки дар ҳамон замон ба паёмбар таъна мезаданд,. Инҳо айнан мисли онҳоянд, фақат ино бо забон мегуян мо мусулмонем, дар асл ба фоидаи яҳудиёну насрониҳо кор мекунан ва душмани исломанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?