“Чигуна муовини вазир моҳҳо ба террор омодагӣ бинаду мақомот бехабар монанд?” (хулосаи матбуот)

Ҳодисаҳои 4-уми сентябр ва фирори генерал-майор Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон аз мавзуҳои аслии матбуоти ҳафта дар Душанбе буд.

Нашрияи русии “Азия-плюс” (№ 71 (1054) 10.09.2015) дар баробари нақли муфассали рӯйдод, иқтибосоте аз коршиносони дохиливу хориҷӣ овардааст, ки назарҳо ва дидгоҳҳои гуногун ба ҳодиса доранд. Аз ҷумла коршинос Парвиз Муллоҷонов гуфтааст, ки ҳадафи аслӣ пайдо кардани баҳона барои манъи фаъолияти ҲНИТ  аст, ки муддатҳост  пайгирӣ мешавад. Вай иброз доштааст, ки гумон намеравад паси Назарзода кадом неруе бошад, зеро вай он шахсияте нест, ки қодир ба табаддулоти давлатӣ дошта бошад. “Ин кӯшиши табаддулот набуд, ин танҳо иғво буд ва на аз ин беш”,- гуфтааст сиёсатшинос.

Аммо таҳлилгари рус Александр Князев гуфтааст, ки “кӯшиши табаддулоти доираҳои муайн буд, ки ба шикаст мувоҷеҳ шуд, вале бахше аз он барнома ба ин ҳад номуваффақона амалӣ гашт. Дар ҳар ҳолат ин рӯйдод аз вазъи ногувор дар неруҳои қудратӣ ҳикоят мекунад. Ва шояд ин иғвои худи хадамоти махсус барои тоза кардани мухолифон аз саҳнаи сиёсиву низомии кишвар буд, ки роҳандозӣ шуд”.  Журналисти рус Максим Шевченко гуфтааст, ки ҳукумат бо фишорҳояш ба ҲНИТ аз ҳад гузаронд ва “ин иштибоҳ аст. Мухлифонро ҳам чун ҳукумат бояд ҳифз кард”.  Ин таҳлилгар бештар моил аст  вазъро ба талоши қудратҳо барои ҷойи по дар Тоҷикистон вобаста донад. Он ки Эрон ва Чин якҷо бо Русия мехоҳанд  дар минтақа ҳузур дошта бошанд, хилофи манфиатҳои ИМА аст.  Таҳлилгар Аркадий Дубнов ба ин назар аст, ки Назарзода мехост тиҷорату сарваташро аз нобудӣ наҷот диҳад, тиҷорате, ки якҷо бо як нафар аз намояндагони неруҳои қудратии Тоҷикистон пеш мебурд. Ва ӯ тахмини тиҷорати силоҳу маводи мухаддир аз Афғонистонро дар миён мегузорад, ки эҳтимолан Назарзода дар он даст дорад. Ва аз сӯйи дигар Дубнов ба мусоҳибаи як афсари тоҷик дар хабаргузории Форс такя мекунад, ки мегӯяд қувваҳое мехостанд аз таҳкими таъсири генерал ба президент чун таҳкими ҷонибдорони “Давлати исломӣ” ҷилавгирӣ кунанд.

“Фараж” (№37 (458) 9.09.2015) дар мақолаи “Заҳри море, ки калон кардем”, рӯйдодҳои ахирро ба Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ рабт медиҳад ва муаллифи он аз фошкориҳои WikiLeaks ёд меорад, ки соли 2012 чанд мукотибаи сафири вақти ИМА дар Тоҷикистон Ричард Ҳоуглендро чоп карда буд.  “Номбурда дар номаҳояш ба Кабирӣ лақаби “роҳбари мунтазир” дода буд.  Ҳоло воқеъият мувофиқати ин лақабро собит месозад. Кабирӣ ҳамеша мунтазир буду ҳаст. Мунтазири амр, дастуре, ки барояш медиҳанд. Мунтазири кишваре, ки бозораш хариданд. Мунтазири фармони кишваре, ки барои шахсӣ кардани муассисаи сохтмонӣ ва базаи он пулаш дод....” Ва боз номгӯи мунтазириҳои дигар...

“СССР” (№37 (336) 8.09.2015) дар таҳлили худ, ки зери унвони “Аз террор то фирори генералӣ” чоп шудааст,  чанд суол мегузорад. “Муовини вазири мудофеаи як кишвар чигуна мешавад, ки шояд моҳу солҳо ба ин террор омодагӣ бинаду дар мақомот бехабар монанд? Дигар дар умум мешавад ба генералҳои тоҷик бовар кард? Шояд соате фаро расида, ки аз шумора ба сифат пардозему сафи генералу пококвникҳои тасодуфиро пок созем?”

“Тоҷикистон” (№36 (1130) 10.09.2015) дар таҳлилаш Ҳоҷӣ Ҳалимро  Қорун номидааст ва асос барои ин унвон дороиҳоест, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳоло ба ӯ нисбат медиҳанд. Дар мавриди ба истилоҳ хиёнати генерал Назарзода навиштааст, ки “шояд ӯро ягон хоҷаи беруна харид ва барои ноором кардани кишвар истифода мебарад. Ин тахминро аз мадди назар дур кардан мумкин нест, зеро касе, ки пулро дӯст медорад, зуд фурӯхта мешавад”.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?