Чин дар фазо неругоҳи хуршедӣ месозад

Олимони Чин қасд доранд, ки то соли 2030 ба фазо калонтарин неругоҳи хуршедиро партов кунанд.

Бино ба гузоришҳо, қарор аст ин неругоҳ бузургтар аз ҳаҷми Истгоҳи фазоии байналмилалӣ хоҳад буд.

Ин неругоҳ дар баландии 36 ҳазор километр болотар аз сатҳи Замин ҷой мегирад ва олимони чинӣ мегӯянд он метавонад ба буҳрони энержӣ дар Сайёра хотима бахшад. Неругоҳ то соли 2030 ба фазо партов мешавад ва истифодаи тиҷоратии он аз соли 2050 шуруъ мегардад,- навиштааст IBTimes.

Сохтмони он аз ҷониби академики 93-солаи Чин ва узви Академияи байналмилалии фазонавардӣ Ван Ситзи, ки 50 соли ҳаёташро ба таҳқиқоти технологияи кайҳонӣ бахшидааст,  роҳандозӣ шудааст.

Ситзӣ ба хабарнигорон гуфтааст, ки неругоҳи ӯ масоҳати хеле бузург, 5-6 ҳазор метри мураббаъро дар бар хоҳад гирифт.  Нерӯи барқи тавлидшуда ба микромавҷҳо ва ё партави лазерӣ табдил дода мешаванд. Лоиҳаро олимон аз нигоҳи иқтисодӣ фоидаовар номидаанд ва гуфта мешавад, ки интиқоли энержӣ болотар аз 50 дарсад хоҳад буд. 

 Ситзи мушкилоти бунёди ин неругоҳи барқи хуршедиро дар он дидааст, ки аввал бояд мушакҳои вазнини интиқолдиҳанда сохта шаванд ва ҳамзамон бояд коре кард, ки масрафи сохтани ин мушакҳо ва батареяҳои хуршедии сабук гарон набошад. Худи Ситзи 40 сол пеш дар Чин аввалин мушаки интиқолиро сохта буд ва аз он ба баъд ин самти фаъолияти илмии худро пайваста такмил додааст.  

Ғояи бунёди истгоҳи барқии кайҳонӣ бори аввал соли 1941 дар як ҳикояи илмӣ-фантастикии Ойзек Азимов инъикос ёфта буд. Инсониятро лозим омад, ки муддати боз бештар аз 70 сол интизор шавад, то як андешаи тахайюлии адиби достоннавис таҳаққуқи илмӣ ёбад.   

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?