Ҷоизаи 300 ҳазор сомонаи Президент ба ғолибони мусобиқоти байналмилалии варзишӣ

Президент Эмомалӣ Раҳмон барои ғолибони мусобиқоти байналмилалӣ ба варзишарони тоҷик то 300 ҳазор сомонӣ ҷоиза муқаррар кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷоизаи Президент барои онҳое, ки се ҷои авваро мегиранд, пешбинӣ мешаванд. Аз ин ба баъд ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ дар баробари гирифтани медалҳои тило, нуқра ва биринҷӣ бо маблағҳои пулӣ низ аз ҷониби Президенти кишвар қадр карда мешаванд, - мегӯянд дар Кумита.

Ғолибони мусобиқаҳои байналмилалие, ки барандаи ҷои аввал мегарданд, бо 300 ҳазор сомонӣ, барандаҳои медали нуқра 200 ҳазор ва варзишгарони мақоми сеюм ва бо медалҳои биринҷӣ сарфароз мегарданд, ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Фонди Президент ҷоиза мегиранд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” 9-уми январи соли ҷорӣ ба хотири баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарон ва ташвиқу тағиби ҳаёти солим дар ҷомеа ба тавсиб расида буд.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Икдоми оли. Агар варзишгаронро хамин тавр дастгири кунем, иншоолох онхо номабрдор ва парчамбардори Ватан хоханд шуд. Ва хамин тавр, макбабачаггон ва донишчуёни болаёкат-голибони оимпиадахои байналхалки аз фанхои дакик низ бояд аз тарафи давлат дастгири шаванд, ба фоидаи миллату давлат ва чомеа хохад шуд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?