Ҷоизаи фарҳангӣ барои наврасони Итолиё: 500 евро ба ҳар наврас

Сар аз 15-уми сентябри соли равон ҳар навраси итолёвӣ (соли таваллуди 1998) аз давлат ба миқдори 500 евро дарёфт ва ширкат дар чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ масраф мекунад. 

Ҳукумати Итолиё ин барномаро ҷоизаи фарҳангӣ номидааст ва ҳар сокини ин кишвар ҳақ дорад ба он дастрасӣ дошта бошад. 
Ҳукумат мегӯяд ин лоиҳаро  290 миллион евро сармоягузорӣ кардааст ва аз он 575 ҳазор наврасон ҳақи истифода доранд. 

Наврасон ин 500 евроро метавонад барои рафтан ба осорхонаҳо, макони ҷустуҷӯҳои бостоншиносӣ, театрҳо, синемо, харидории китобу дафтар, ҳамчунин ҳузур дар чорабиниҳои маърифатӣ дар паркҳои миллӣ масраф намоянд.  

Бино ба иттилои ВАО-и Италиё ҳукумат қасд дорад дар соли 2017 ин ташаббусро на танҳо идома диҳад, балки онро васеътар ба роҳ монад ва барномаҳои дигари маърифатиро шомили ин тарҳ кунад.

Қарор аст ба омӯзгорон низ ҳамин гуна имтиёз- ҷоизаи фарҳангӣ диҳанд, то онҳо барои такмили дониши худ онро масраф намоянд. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?