Ҷомеашиносии вазъи озодии сухан дар Тоҷикистон (дар мисоли “қазияи Нигоҳ”)

Ҷомеашиносии вазъи озодии сухан дар Тоҷикистон

 Ҳар масъалаи алоҳида ва ҷузъӣ баёнгари вазъи куллӣ ва низоми сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мебошад. Ҳамин гуна, вазъи озодии сухан ва тақдири матбуоти мустақил (чун “Чароғи рӯз”, “Нерӯи сухан”, “Рӯзи нав”, “Нигоҳ” ва ғайра) дар давраи Истиқлоли Тоҷикистон системаи авторитарии онро ошкор мекунад.

Баррасии маълумоте, ки имрӯз, дар рӯзи Озодии сухан (3 май) дар пойгоҳи интернетии “Тоҷнюз” нашр гардид, чанд ҷиҳати ҷолиби системаи муносибатҳои ҷамъиятиро ба намоиш мегузорад.

Мушкилоти сари ҳафтаномаи “Нигоҳ” дар поёни соли 2016 омада, ки боиси қатъи фаъолияти он гардид, танҳо марбут ба ин расона набуда, балки ба аксарияти расонаҳои мустақил хос аст. Дар айни замон, чунин мушкилот ба дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ низ марбут буда, танҳо бо ислоҳоти куллӣ ва системавии ҷомеа метавон онҳоро бартараф кард.

Яке аз ин мушкилиҳо заиф ва нокор будани ниҳодҳои давлатӣ мебошад. Ба ҷои онҳо, элитаи ҳукмрон ва шахсони алоҳидаи ба онҳо наздик қудрати тасмимгирӣ доранд. Аз рӯи қонунгузорӣ, ниҳодҳои алоҳида (вазоратҳо, кумитаҳо ва хадамот) ҷавобгӯи соҳаҳои алоҳидаи тахассусӣ ва касбӣ мебошанд. Аммо, чунонки қазияи “Нигоҳ” ошкор мекунад, дар ҷомеаи авторитарӣ онҳо низ корбурд ва нақши сиёсӣ доранд.

Ин ниҳодҳо (масалан, Вазорати фарҳанг ва Раёсати оташнишонии ВКД) қарорҳое қабул мекунанд, ки дар салоҳияти онҳо нестанд. Онҳо метавонанд ҳатто ба додгоҳ табдил ёбанд ва фаъолияти расона ва ё созмонеро пешакӣ қатъ кунанд. Онҳо шарти сиёсӣ (на касбӣ) барои бақайдгирӣ ва тамдиди фаъолияти расона пеш мегузоранд. Сабаби дар Вазорати фарҳанг тасмимгиранда будани шахсони алоҳида низ ҳамин нақши сиёсии Вазорат мебошад.

Дар дигар ниҳодҳои давлатӣ низ шахсони алоҳидае тасмимгиранда ҳастанд, ки метавонанд салоҳияти маъмурӣ ва қонунӣ надошта бошанд, вале робитаи бевосита бо элитаи сиёсӣ доранд ва рисолати онҳоро амалӣ месозанд. Маъмурияти ниҳодҳои давлатӣ инро медонанд, аз ин рӯ, худро тобеи хостаҳои онҳо мегардонанд.

Авлавияти шарти сиёсӣ бар касбият (рӯзноманигорӣ, вакилӣ, олимӣ ва ғайра) аз вижагиҳои асосии низоми авторитарии давлат мебошад.

Дар ин низом на қонун ва на ниҳод, балки шахсони алоҳида, бахусус элитаи ҳукмрон ва манфиатҳои хусусии онҳо муҳимтар ҳастанд. Агар қонун ҳам риоя нашавад, вале эътибор ва манфиатҳои элитаи ҳукмрон ба назар гирифта шавад, барои мутахассисон (рӯзноманигорон, вакилони дифоъ, олимон ва ғайра) мушкили ҷиддӣ эҷод намешавад. Қонуншикан бахшида мешавад, вале бутшикан на. Ҳамин мантиқ аст, ки хатогии ҷузъии техникӣ (чун истифодаи ҳарфи “л” дар номи “президент”) чун далел бар зидди онҳое истифода мешавад, ки манфиатҳои элитаро ба ҳисоб намегиранд.

Дар чунин ҷомеа қазияҳои додгоҳӣ метавонанд ба қасдгирии шахсӣ барои фаъолияти касбӣ табдил ёбанд. “Масъалаи амнияти миллӣ” моҳияти конститутсионӣ ва қонунии худро гум карда, ба афзори сиёсӣ ва манфиатии элитаи ҳукмрон табдил меёбад. Сабаби ба мақоми муқаддас, парастиши сиёсӣ ва дахлнопазирии қонунӣ бардоштани шахси ҳукмрон аз ҳамин системаи авторитарӣ сарчашма мегирад. Маҳз дар системаи авторитарӣ Конститутсия ва қонунҳои алоҳида ба ирода ва манфиати элитаи ҳукмрон мутобиқ карда мешавад.

Хусусияти дигари системаи авторитарӣ бар ченакҳои ғайриақлонӣ (ирратсионалӣ) бунёд ёфтани он мебошад. Дар чунин система таҳлили илмӣ ва касбию коршиносӣ на фақат раво нест, балки хатарнок аст, чун машруияти онро беасос мегардонад. Ҳеч имкон надорад, ки бо афзори ақлӣ ин системаи истибдодӣ ва оқибатҳои номатлуби он, чун бесаводӣ, бекорӣ, фасод, муҳоҷирати саросарӣ ва ғайраро сафед кард. Аз ин рӯ, элитаи ҳукмрон аз зиёиён, бахусус шоирону нависандагон, ҳунармандон ва олимоне истифода мебарад, ки танҳо эҳсоси мардумро бармеангезанд ва бо сӯиистифода аз номи дину мазҳаб, ватану миллат, давлат ва ғайра онҳоро ба имону ихлос ва шукргузорӣ дар нисбати элитаи ҳукмрон даъват мекунанд.

Асардуздон соҳиби мақому манзалат мегарданд, чун барои элитаи ҳукмрон хатарнок нестанд, балки ба иродаи сиёсии онҳо итоат мекунанд. Дар чунин муносибат шеър нақши вижаеро иҷро мекунад. Он агар дар васфу мадҳи ҳокимон набошад, ба хатар табдил меёбад. Шеър чун барангезандаи эҳсос қудрати инқилобӣ дорад, аз ин рӯ, шеъри эътирозӣ дар ҳеч сурат қабул нест. Шоире, ки чунин шеър менависад, аз системаи авторитарӣ берун андохта мешавад.

 Боз таъкид мекунем, ки чунин мушкилот танҳо бо роҳи ислоҳоти куллӣ ва системавии ҷомеа роҳи ҳал пайдо мекунанд. Аммо то ҳанӯз чунин неруе падид наомадааст, ки на ба хотири манфиатҳои маҳдуди шахсӣ ва гурӯҳӣ, балки барои ин гуна ормонҳои миллӣ талош кунад. Фаъолону рӯшанфикрони алоҳидае ҳастанд, ки ба танҳоӣ амал мекунанд ва ё ба гурӯҳҳое мепайванданд, ки манфиатҳои маҳдуд доранд.

Ҳафиз БОБОЁРОВ

Шояд шумо суол ё назаре доред?