Ҷоми президенти Қазоқистон: Ғалабаи бозигарони 16-солаи тоҷик ба ҳамсолонашон аз Қирғизистон

Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон то 16-солаҳо дар даври дуюми бозиҳои гурӯҳии Мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Қазоқистон ба ҳамсолонашон аз Қирғизистон ғалаба карданд.

Ин бозӣ 23-юми июн дар шаҳри Остона баргузор шуд. Наврасони тоҷик ҳамсолонашонро аз Қирғизистон бо ҳисоби 2:1 шикаст доданд.

Ҳисобро дар нимаи аввали бозӣ Зиёвуддин Фузайлов, бозигари тоҷик боз кард. Дар ФФТ мегӯянд, ки сарфи назар аз он, ки Саидмухтор Азимов, бо гирифтани ду корти зард аз майдон хориҷ карда шуд, бозигарони навраси тоҷик ғалаба ба даст оварданд. Туби дуюмро ба дарвозаи ҳариф Рамз Амрохонов ворид кардааст. Бозигарони навраси Қирғизистон дар дақиқаҳои охири бозӣ як гол задаанд.

Мунтахаби наврасонаи тоҷик дар гурӯҳи “А” бозӣ мекунанд. Дар бозии дигар дар ин гурӯҳ Испания соҳибони майдон – Қазоқистонро бо ҳисоби калони 5:0 шикаст додааст. Бозигарони навраси Испания бо гирифтани 6 имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳӣ қарор доранд. Тоҷикистону Қазоқистон се имтиёзӣ ва Қирғизистон дар зинаи охир бидуни имтиёз мебошад. Наврасони тоҷик низ дар бозии аввал аз ҳамтоёнашон се голи бе ҷавоб дарёфт карда буданд.

Бозии охирони гурӯҳӣ 25-уми июн баргузор мешавад, ки наврасони Тоҷикистон бо тими Қазоқистон вориди рақобат мешаванд.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?