Чопи китоб дар бораи таъсис ва ташаккули телевизиони “Тоҷикистон”

Нахустин китоби Зафар Аскар, муҳаққиқи ҷавони тоҷик аз чоп баромад.

Зафарҷон Эшматов (Зафар Аскар) дар суҳбат ба TojNews гуфт, нахустин китоби ӯ бо номи “Таъсис ва ташаккули телевизиони Тоҷикистон” аз ҷониби нашриёти “Кайҳон” ба табъ расид.

Муаллиф мегӯяд, дар ин рисола “самараи тадқиқоти чандинсолаи банда роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва рушди телевизиони "Тоҷикистон" ҳамчун ВАО, ташаккул ва такмили сохтор, рангорангии барномаҳо ва шаклу услуби намоишҳо дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ гирдоварӣ шудааст. Рисолаи мазкур эҳдо ба "Рӯзи Дониш" ва 25- солагии Истиқлолияти Тоҷикистони азиз аст. ”

Китоб таҳти назари доктори илмҳои филология марҳум Асадулло Саъдуллоев омода гардадааст.  Маҷмӯаи мазкур барои донишҷуён, аспирантон, устодони шуъбаву факултаҳои журналистика, муҳаққиқону кормандони ВЭА ва доираи васеъи хонандагон пешбинӣ мешавад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?