Ҷопониҳову амрикоиҳо дар рӯи Моҳ пойга ташкил мекунанд

Ду тими ширкаткунанда дар озмуни моҳнавардони Google Lunar X Prize эълон кардаанд, ки то охири соли 2016 дастгоҳҳои худро ба Моҳ мефиристанд.

Баъди расидан ба Моҳ ин се моҳгард (як амрикоӣ ва ду ҷопонӣ) ба масофаи 500 метр мусобиқа мекунанд ва ҳамзамон аз тариқи HD-видео аз ҷойгиршавии худ дар саҳни Моҳ гузориш ирсол мекунанд. 

Ширкати Astrobotic, ки саргарми интиқолоти кайҳонист, бо пахши варақаи матбуотӣ аз ин тасмим хабар додааст.

Моҳи декабри соли 2014  Astrobotic хабар дода буд, ки дастгоҳи худ Andy-ро бо мушаки  Falcon 9 SpaceX ба моҳ мефиристад. Моҳи феврали имсол ширкати ҷопонии HAKUTO бо Astrobotic мувофақа кард, ки моҳгарди он Moonraker ва Tetris-ро низ савори ин мушак ба Моҳ равона кунад.

Фуруд аз Дарёи Марг (дарёи қамарӣ, воқеъ дар қисмати шимолу шарқии бахши дидашавандаи Моҳ) барномарезӣ шудааст. 

Дар ҳамин ҳол хабар дода мешавад, ки хазинаи X Prize ва ширкати Google бо номи Google Lunar X PRIZE ҷоизае ташкил кардаанд. Ин ҷоиза насиби тиме хоҳад шуд, ки моҳнаварде мутобиқ ба ин шарту шароит бисозад. Сандуқи мукофоти аввалияи он 30 миллион долларро ташкил медиҳад. Ва ин озмун се шарти асосӣ дорад: таҷҳизот бояд тавре сохта шавад, ки хеле сабук ба мадори Моҳ фуруд ояд, бо суръати на камтар аз 500 метр дар як соат ҳаракат кунад ва аксҳову наворҳои сифатан баланд ба Замин ирсол намояд.

То ин замон аллакай ширкатҳои ҷопонии Hakuto, ҳиндии Team Indus, олмонии Part-Time Scientists, амрикоии Astrobotic ва Moon Express муддаъии сандуқи мукофоти ин озмун шудаанд.  

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?