Чор медали варзишгарони тоҷик дар Кипр

Чор варзишгари тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни наврасони 14-16-сола соҳиби 2 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ гардиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи миллии олимпӣ, дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки  дар шаҳри Лимассоли Кипр баргузор гардид, Тоҷикистонро 6 писар ва 1 духтар намояндагӣ мекарданд.

Ба иттилои манбаъ, дар сабқати писарон Илҳомҷон Ҳофиззода (дар вазни 66 кг) ва Хуршед Маҷидов (+84 кг) бо медалҳои нуқра, Ҷамолиддин Абдуллоев (55 кг) бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Дар сабқати духтарона Шоҳида Қаландарова дар вазни 56 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Copyright © 2014 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?