Чор унсури нав дар ҷадвали Менделеев

Кимиёшиносони олам чор унсури навро ба ҷадвали Менделеев ҳамроҳ карданд, ки акнун шумори онҳо аз 112 ба118 адад расид.

 Вале ин чор унсури нав ҳанӯз номгузорӣ нашудаанд ва қарор аст вақтҳои наздик номи онҳо расман эълон шавад. Ба гуфтаи олимон, мушкил дар он аст, ки унсурҳои тозакашф ба изопотҳои қаблан номаълум таҷзия мешуд ва зарур меомад аввал онҳо муайян карда шаванд.

Ҳамаи ин чор унсур ба таври сунъӣ синтез карда шуданд. Дар табиат унсуре ба сони уранюми вазнин, яъне унсуре бо шумори атомии бештар аз 92 вуҷуд надорад. Онҳоро бо роҳҳои синтези сунъӣ тавлид мекунанд. 

 Олимони пажуҳишгоҳи  RIKEN –ро кошифони унсури 113 эътироф карданд ва акнун ин унсур метавонад “Ҷопон” номида шавад.  Агар чунин номанд, пас ин аввалин унсур дар ҷадвали Менделеев хоҳад буд, ки аз ҷониби ҷопониҳо кашф шудааст.

Унсурҳои 115, 117 ва 118 ба гуруҳи олимони Русия ва Амрико аз Институти муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии Дубно, озмоишгоҳи милии Ливермори Калифорния ва озмоишгоҳи миллии Ок-Риҷи Теннесс мутааллиқ аст.

 Дар айни замон ин унсурҳо шартан ва муваққатан  ununpentium — Uup, ununseptium — Uus ва ununoctium — Uuo номида шудаанд. Вале номи расмиву дақиқашон дар ҷадвали Менделеев ва рамзи дуҳарфаи онҳо баъдтар эълон мешавад.

Гуфтанист, ки охирин кашфиёт ба ҷадвали Менделеев соли 2011 ворид шуда буд. Он замон унсурҳои 114 ва 116 бо номҳои  флеровий ва ливерморий илова шуда буданд.

Copyright © 2016 TojNews

Назарҳо

best

Шояд шумо суол ё назаре доред?