Ҷойҳои “кори коғазӣ”. Ба эҷоди ҷойҳои нави корӣ, ҳатто масъулин бо шубҳа менигаранд

Ҳамасола ба иттилои расмӣ дар кишвар аз 200 то 300 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил мешавад. Вале баъзе аз мунтақидон ташкили ҷойҳои нави кориро фаъолияти тарғиботии Ҳукумат дониста, мегӯянд аслан дар кишвар ин қадар ҷойи корӣ ташкил намешавад.

Соли гузашта дар Тоҷикистон 205 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил шудааст, ки аз он танҳо 30 фоизаш доимӣ аст. Инчунин соли равон ҳукумат нақша дорад, ки 300 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис диҳад. Аммо ба гуфтаи коршиносон, қувваи қобили меҳнат дар Тоҷикистон зиёдтар аз 3 миллион нафар аст ва ин 300 ҳазор ҷойи кор қариб баробар ба 10 фоизи он мебошад, ки шубҳаовар аст. Зеро чунин мизони таъсиси ҷои кор на танҳо барои кишварҳое мисли Тоҷикистон, балки барои кишварҳои тараққикарда ҳам ғайримумкин мебошад.

Аз ҷумла, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков мегӯяд, хоса дар шароити имрӯзи бӯҳронӣ дар як сол таъмини 10-15 фоизи мардум бо ҷойи кор хеле мушкил аст.

"70 фоиз ҷойи кори муваққатӣ"

Дар ду соли ахир дар Тоҷикистон зиёда аз 457 ҳазор ҷойҳои нави кории доимӣ ва мавсимӣ ташкил шудааст. Аммо мушкили аслӣ инҷо дар муваққатӣ ва мавсимӣ будани қисмати зиёди ин ҷойҳои корӣ ё қариб 70 дарсади он мебошад.

Гулнора Ҳасанзода, директори Агентии омор бо таассуф аз кам будани теъдоди ҷойҳои кории доимӣ дар кишвар мегӯяд, "мо кишвари аграрӣ ҳастем ва барои ҳамин қисмати зиёди ҷойҳои корӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис дода мешаванд ва аз ҳамин сабаб онҳо мавсимӣ мебошанд. Дар соли гузашта 44 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шудааст."

Мақомот мегӯянд, аксари ҷойҳои кории муваққатӣ ва мавсимӣ, ки қариб 70 фоизи ҷойҳои кориро ташкил медиҳад, бо оғози корҳои деҳқонӣ ва сохтмонҳо шурӯъ шуда, дар охирҳои фасли тирамоҳ он аз байн меравад. Инчунин як сабаби зиёд шудани ҷойҳои нави корӣ ба қавли масъулин, зиёд шудани хоҷагиҳои деҳқонист. Тибқи омори расмӣ, дар давоми 5 соли ахир теъдоди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар кишвар 2,1 фоиз ё 64 ҳазор зиёд шудаанд, ки ин низ ба назари мақомот ба зиёд шудани теъдоди ҷойҳои нави корӣ мусоидат кардааст. Дар муқобили ин иддао, коршиносон мегӯянд, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ дар заминаи хоҷагиҳои калонҳаҷм маънои ташкили ҷойи нави кориро надорад. Зеро коргарони хоҷагиҳои деҳқонии навтаъсис қаблан низ дар ҳайати хоҷагиҳои калон кор мекарданд ва танҳо ҷойи корашон тағйир ёфтааст. Ба гуфтаи онҳо, танҳо дар он сурат метавон дар бахши кишоварзӣ ҷойи нави корӣ таъсис дод, ки агар заминҳои нав азхуд карда шаванд.

Мақомот ҳам ба эҷоди ҷойҳои корӣ шубҳа доранд

Иддаои масъулин дар бораи афзоиши ҷойҳои нави кор дар ҳолест, ки бино ба омори расмӣ танҳо дар 9 моҳи соли гузашта 20 ҳазор соҳибкори инфиродӣ тарки ин пеша карда, патент ё шаҳодатномаи соҳибкориашонро бекор намудаанд.

Масъулини Агентии омор зоҳиран ба дақиқ будани рақами афзоиши ҷойҳои корӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, соли равон нақша доранд, ки бо таъсиси як комиссия то куҷо ҳақиқӣ будани ин ҷойҳои кориро бисанҷанд.

Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон низ мегӯянд, соли гузашта чандин ҷойҳои кории бардурӯғро ошкор кардаанд. Аммо онҳо мушахассан нагуфтанд, ки соли гузашта чӣ қадар ҷойҳои кории "коғазӣ"-ро ошкор карданд.

51 ҳазор нафар дар 205 ҳазор ҷойи кор, кор наёфтанд!

Маълум аст, ки агар ҷои кори нав пайдо шуд, сафи бекорон ҳам коҳиш меёбад. Дар соли гузашта Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 72 ҳазор 521 нафарро ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта, ба 51 ҳазору 252 нафари онҳо мақоми бекорӣ додааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки дар кишвар соли гузашта 205 ҳазору 556 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст. Бо як ҷумла агар гӯем, 51 ҳазор нафар бекор натавонистанд дар 205 ҳазор ҷойи корӣ барои худ манбаи ризқу рузӣ дарёфт кунанд. Инчунин дар сомонаи таъсисдодаи Вазорати меҳнат барои дарёфти ҷои кор бо нишони www.kor.tj дар соате, ки мо ворид шудем (31.01.2016. 16:08) зиёда аз 5 ҳазор вакансия барои ҷойи кор мавҷуд буд. Суоле пайдо мешавад, ки дар кишваре, ки 51 ҳазор бекори расмӣ дорад, инчунин зиёда аз 1 миллион шаҳрвандаш дар муҳоҷират аст, пас 5 ҳазор ҷойи кор чаро холист?

Гуфта мешавад яке аз сабабҳо камии маош аст. Ҳоло камтарин музди меҳнат дар Тоҷикистон 296 сомонӣ, музди миёна 862 ва музди аз ҳама баланд дар бахши воқеии иқтисодиёт чизе зиёдтар аз 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар назар аст, ки аз моҳи июли соли равон музди меҳнат аз 15 то 25 дарсад боло равад.

Дар сайти www.kor.tj барои ҷойҳои кори пешниҳодшуда аз 275 сомонӣ то 1320 сомонӣ маош таъин шудааст.

Андози баланд монеи ташкили ҷойи кор

Таҳлилгарон мегӯянд, андозҳои баланд, бахусус андози иҷтимоӣ соҳибкоронро аз ташкили ҷойҳои нави корӣ бозмедорад, зеро онҳо маҷбуранд барои ҳар коргар то 25 фоизи маоши онро пардохт кунанд. Аз ин хотир, тибқи мушоҳидаҳои мо, агар дар як корхона 6-8 нафар кор кунанд, пас танҳо 2 ё 3 нафарро расман ба қайд мегиранд ва боқимондаҳо тариқи шартнома ва бе кушодани дафтарчаи корӣ фаъолият мекунанд.

Исмоил Талбаков мегӯяд, ин тартиб ба корфармо мувофиқ аст, чун коргари кироя маоши ҳаррӯза гирифта, бо гирифтани маоши ҳаррӯза раҳбари корхонаро "аз дарди сарҳо" озод месозад.

Аммо масъулин мегӯянд наметавонанд андозҳои иҷтимоиро паст кунанд, зеро баъдан мушкили пардохти нафақа пеш меояд.

Роҳи ҳал чист?

Коршиносон мегӯянд як роҳи ҳалли масъала дар ҷалби пардохтҳои иҷтимоии муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи онҳо муҳоҷирони кории тоҷик ҳамасола ба ватан зиёда аз 3 млрд. доллар маблағ мефиристанд ва аз ин ҳисоб 30 дарсадаш дар Русия ҳамчун андози иҷтимоӣ нигоҳ дошта мешавад. Дар сурати ҷалби ин миқдор маблағ, ба гуфтаи коршиносон ду манфиат ба даст меояд: нахуст, масъалаи таъминоти бахши иҷтимоии буҷет то ҷое ҳалли худро пайдо мекунад ва ҳукумат имкони бозбинии пардохтҳои иҷтимоӣ дар дохили кишварро метавонад тағйир диҳад.

Дуюм, муҳоҷирон ҳангоми ба синни нафақа расидан, аз ҳисоби ин пардохтҳояшон дар пиронсолӣ соҳиби нафақаи хуб хоҳанд шуд.

Тибқи қонунгузорӣ, агар шаҳрванд таҷрибаи корӣ надошта бошад, пас давлат ба ӯ танҳо нафақаи иҷтимоиро дода метавонад, ки он хеле ночиз аст ва қариб 80 сомониро дарбар мегирад.

Баъди "лентабурӣ" -и Президент

Ҳар сафари Президент ба минтақаҳо ба кушодашавии чандин корхонаҳо шурӯъ мешавад. Буридани лентаи рамзии фаъолияти корхонаҳо ва дигар муассисаҳо аз ҷониби Президент дар кишвар ба ҳукми анъана даромадааст. Аммо чандин маротиба баъди кушодашавии корхонаҳо аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, хабарҳое дар бораи қатъи ин корхонаҳо низ паҳн шуданд.

Аз ҷумла соли 2011 Президент Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб аз як корхонаи пойафзолбарорӣ дидан карда, ба фаъолияти он оғоз бахшид. Масъулин ба Президент гуфта буданд, ки дар ин корхона қариб 300 нафар ба ҷои кори доимӣ таъмин шудаанд.

Аммо баъди рафтани Президент хабарҳое дар бораи қатъи ин корхона расонаӣ шуд. Ба иттилои баъзе аз расонаҳои хабарӣ баъди рафтани Президент корхона аз фаъолият бозмонду таҷҳизоти васлшударо канда... ба Душанбе бурдаанд.

Инчунин дар худи ҳамон сол Президент дар ноҳияи Мӯъминобод корхонаи мурғпарварии бо номи "Якарча"-ро ба истифода дод.

Сафаралӣ Зокиров, раиси вақтии ин ноҳия ба Президент гузориш дода буд, ки дар корхонаи нав 50 нафар аз мардуми бумӣ ба кор фарогир гаштаанду аз 500 то 600-сомонӣ маош мегиранд. Баъди як соли кушодашавиаш ин корхона низ аз кор монд ва қариб ҳамаи коргаронашро ҷавоб дод. Ҳоло ин корхона аз "Фононбонк" 3,5 миллион сомонӣ қарздор аст.

Аз ин хотир, ба гуфтаи таҳлилгарон роҳи ҳалли бекорӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ танҳо дар имтиёз додан ба соҳибкорон ва бардоштани монеаҳои сунъӣ аз сари роҳи онҳо иборат аст.

Муллораҷаб ЮСУФӢ

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Росташро гуям. ин хисоботхои мо оид ба таъсиси чойхои кории холи хамаашон сохтаву бофтаанд... Ягон кор дар вазорат дар ин хусус бурда намешавад... Бахшиши зиёд аз хамкоронам...

Шояд шумо суол ё назаре доред?