Ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” хостори истеъфои 4 мансабдори тоҷик шуд

        Ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, ки дар Аврупо мустақар аст, хостгори истеъфои чор мансабдори тоҷик, сафири Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим, намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Маҳмадамин Маҳмадаминов, Раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва ёрдамчии президент оид ба масъалҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмон шудааст.

 
Ин талаби ҷунбиши мухолифи ҳукумат дар як изҳорот омадааст, ки дирӯз паҳн шуд.
 Талаби истеъфои ин нафарон дар пайи як номаи Шогуна Собир, духтари шоири зиндаёди тоҷик Бозор Собир, ки баъди бемории на он қадар тулонӣ дар Амрико фавтид, ба амал омадааст.

 Тибқи иттилоъи сомонаи “Ахбор ”Шогуна Собир дар ин номаи худ ба президенти Тоҷикистон навиштааст, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ дарак ёфтааст, ки президент Эмомалӣ Раҳмон барои кӯмак расондан ба шоир ба нафарони дар боло номбаршуда супориш додааст, вале онҳо аз касе дар рӯзҳои барои оилаашон вазнин мадад надидаанд.
Дар пайи ин навишта, муовини раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа, ки замоне алайҳи шоъир Бозор Собир шурида буд, номанависии Шогуна Собирро маҳкум кардааст. Ин амали ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вокуниши шадид рӯ ба рӯ шуда, пуштибонии ошкоро аз мансабдорони ноуҳдабаро унвон шуд.

Ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» аз президент Эмомалӣ Раҳмон даъват кардааст, ки мансабдорони аз уҳдаи иҷрои  супориши қатъии  ӯ набаромадаро, ки  имиҷи кишварро дар сатҳи байналмилалӣ зери шубҳа бурданд,  аз вазифа сабукдӯш кунад, то барои дигарон сабақ гардад.  То лаҳзаи чопи ин хабар мақомот ба ин изҳорот вокуниш нишон надодаанд.
Copyright @2018 TojNews

 

Назарҳо

Инхо одамони худи ягонташа аз кор на ме ГИР анд ;)

Шояд шумо суол ё назаре доред?