Ҷузъиёти бештари боздошти раиси Додгоҳи Б.Ғафуров бо пора

Бо ҷурми гирифтани пора дар ҳаҷми 50 ҳазор доллар Хуршед Сангинзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, баъд аз муроҷиати сокинон боздошт шудааст.

Бино ба итилои манобеи TojNews дар Агентии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Сангинзода Хуршед Алӣ ҳамроҳ бо миёнарав ва ронандааш, ҳадудан як ҳафта қабл боздошт шудаанд. Тибқи қонун мақомот иҷозаи боздошти судяҳоро бидуни иҷозати Президенти кишвар надоранд, аммо санади иҷозати боздошти раиси Додгоҳи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон содир шудааст.

Парвандаи марбут ба ин қазия, дар ҳоли ҳозир таҳқиқ мешавад ва ба хотири нигаҳдории сирри тафтишот, ҷузъиёти бештари он ифшо карда намешавад, - гуфт манбаъ. Сангинзода Хуршед барои сабук кардани ҳукми додгоҳ аз як сокини ноҳия 2 ҳазор доллар талаб кардааст.

Вале он сокин ба Ожонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муроҷиат мекунад. Аммо баъди ифшои сирраш, барои рупӯш кардан ва халосӣ ёфтан аз ҷазо ба кормандони Ожонсӣ 50 ҳазор доллар ришва пешниҳод мекунад.

Ин ҳодиса шаби 3-ум ба 4-уми август ҳангоми ба муовини сардори Раёсати ожонсӣ дар Суғд додани ин 50 ҳазор доллари ваъдагӣ аз ҷониби кормандони Ожонсӣ боздошт шудааст.

Манбаъи TojNews ҳамчунин гуфт, ки дар айни замон алайҳи Сангинзода бар пояи ду банди моддаи Кодекси ҷиноятӣ “додан ва гирифтани пора” парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Сангинзода Хуршед Алӣ моҳи майи соли гузашта бо фармони Президент ба вазифаи раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таин шуда буд.

Қаблан ӯ дар вазифаи раиси Додгоҳи ноҳияи Шаҳристон кор мекард. Дар ҳамин ҳол вакили дифои Хуршед Сангинзода аз ироаи маълумот худдорӣ мекунад.

Наим Турсунов, вакили дифои судяи боздошшуда мегӯяд, наметавонад дар ин бора ягон маълумотро пешниҳод кунад, чун ин сирри тафтишот аст.

Бино ба иттилои додгоҳи вилояти Суғд зарфи шаш моҳи сипаришуда дар ин вилоят як корманди додгоҳ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст ва он ҳам ба фаъолияти кориаш иртибот надоштааст.

Дар нишати матбуотии гузашта роҳбарони Ожонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ҳузури хабарнигорон гуфта буданд, ки зарфи ним соли сипаришуда “ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ 693 (644) ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта ошкор гардида, нисбати шахсоне, ки талаботи қонунро вайрон намудаанд, ба маблағи 554,5 (519,3) ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ гардида, то имрӯз 523,1 (490,2) ҳазор сомонии он ба буҷаи давлат ворид карда шудааст”.

Дар ним сол дар вилояти Суғд 225 мансабдор дар робита ба содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионӣ дошта дастгир шудаанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?