Даҳ аҷобат дар ҳукми Бузургмеҳр Ёров

1. Додгоҳи шаҳри Душанбе 6-уми октябр барои баровардани ҳукм нисбати Бузургмеҳр Ёров ба хонаи машварат рафт. Яке аз ду машваратчиён аккушеркаи таваллудхонаи маҳаллаи “1-ум Советский” буд.

2. Ҳайати додгоҳ барои панҷ соат ба хонаи машварат рафт, аммо “аккушеркаи машваратчӣ”, ки аз афташ вақти беҳуда надошт, бемалол дар роҳравҳои додгоҳ гуштугузор мекард.

3. Тибқи ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе, тамоми амволи Бузургмеҳр Ёров бояд мусодира шавад. Дар ҳукм мошини сабукрави Хосият Ёрова, хоҳари адвокат низ номбар шудааст, ки моҳи майи соли ҷорӣ фурӯхта будааст.

4. Адвокат Нуриддин Маҳкамов, ҳампарвандаи Бузургмеҳр Ёров, ки ҳамчунин ба 21 соли зиндон маҳкум шуд, мехост ба мурофиа урён биёяд. То дар мурофиа либоси адвокатӣ пӯшад. Иҷозат надоданд.

5. Далели ягонаи мақомоти Тоҷикистон, ки додгоҳро ба экстремист будани Бузургмеҳр Ёров “бовар” кунонд, мактуби созмони экстремистии “БАС” будааст. Он ба почтаи электронии адвокат фиристода шудааст.

6. Аз 18 “ҷабрдида”-е, ки ба гуфтаи мақомот Бузургмеҳр Ёров онҳоро фиреб додааст, дар суд танҳо ду нафар омадаанд.

7. Вақти ворид шудан ба толори мурофиа кормандони мақомоти амниятро бештар аз ҳама айнакҳои Ҷамшед Ёров, додари Бузургмеҳр ба ташвиш оварда буд. - “Яке камера надошта боша!...”

8. Яке аз ду “ҷабрдида”, ки тавонистанд шармашонро кушта, ба ҳар сурат ба мурофиа ҳозир шаванд, ба суд гуфт, ки нисбати адвокат ягон даъво надорад.

9. Панҷ моҳ Бузургмеҳр Ёровро ба мурофиаҳо аз боздоштгоҳ то додгоҳ озод мебурданду меоварданд. Моҳи аввал ӯро хоҳараш бо таксӣ ҳам то суд бурдааст. Аммо 6-уми октябр, рӯзи эълони ҳукм судро бо силоҳи оташфишон ҳимоя мекарданд.

10. Мурофиаи 6-уми октябр дар Додгоҳи Душанбе натанҳо барои падару модари адвокат ва судя мушкил буд. Наворбардори ВКД ҳам, ки мехост Бузургмеҳрро бе китоби Қуръон ба навор гирад, хеле азоб кашид.

Шояд шумо суол ё назаре доред?