Даҳгонаи асъоре, беқурбшавиро интизоранд: Сомонӣ низ шомил аст

Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки аз паи поиншавии нархи нафт танҳо тенгеи қазоқӣ беқурб мешавад, балки асъори даҳ кишвари дигар, бо шумули чанд кишвари пасошӯравӣ низ аз ин раванд, осеб хоҳанд дид.

Таҳлилгарони оҷонси Bloomberg гуфтаанд, ки онҳо баъди арзёбии коҳиши қурби рубли русӣ ва юани чинӣ ба чунин натиҷа расидаанд. Коҳиши арзиши пули русӣ муҷиби беқурбшавии пули миллӣ дар ҳавзаи кишварҳое пасошӯравӣ мегардад. Ин таҳлилгарон дар қадами аввал дар бораи драми арманӣ ҳарф задаанд, ки қурбашро ба зудӣ аз даст хоҳад дод. Тибқи омори ироашуда зарфи як соли охир драм 15 дарсад арзиши пешинаи худро гум кардааст.

Bloomberg мегӯяд коҳиши қурби тенге ба пули миллии Тоҷикистон ва Туркманистон таъсир мерасонад. Аз ин пештар гуруҳи молявии Шведсия – SEB пешбинӣ карда буд, ки манати туркманӣ зарфи ним соли оянда 20 дарсад беқурб мешавад ва пули миллии Тоҷикистон аз 10 то 20 дарсад қурби худро аз даст медиҳад. Ин ожонси беарзиш шудани соми қирғизиро низ пешгӯӣ мекунад.

Аммо танҳо дар Русияву кишварҳои пасошӯравӣ ин ҳол пеш намеояд. Ба навиштаи таҳлилгарони ожонсӣ риёли Арабистони Саъудӣ низ такон мехӯрад. Ҳарчанд ҳукуматдорони ин кишвар миқдори кофии пуле доранд, ки афтишро ҷилавгирӣ мекунад, вале ҳаннотон метавонанд ин ҷо низ аз коҳиши арзиши нафт истифода баранд. Агар ин ҳолат пеш ояд, пас найри нигериёӣ низ то 20 дарсад беқуб мешавад. 

Таҳлилгарони Bloomberg мегӯянд беқубшавии асъор метавонад ба иллатҳои сиёсӣ низ пеш ояд. Аз ҷумла, ноамниҳо дар Миср метавонад сабабгори коҳиши фунт то 22 дарсад зарфи 12 моҳи оянда шавад. Ва ин гуна сарнавишт лири туркиро низ интизор аст.

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Э бе инҳам дар Тоҷикистон ҳаманамуд фиребгарӣ ҳаст дар робита бо асъор! кишвареки истиқлол надошта бошад ва ҳатто қадамзадану нафаскашиданатро бо гузоштани камераҳо наззорат кунанд ҳамин мешавад оқибаташ! Мушкилоти зиёд дорем аммо миллати сабур!

Шояд шумо суол ё назаре доред?