Данғара: Боздошт барои дуздидани “Панасоник”

Дар ноҳияи Данғара як ҷавони 18-сола бо иттиҳоми дуздидани 8500 сомонӣ боздошт шудааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, гумонбаршаванда 6-уми июл бо роҳи пинҳонӣ аз утоқи кории як сокини 60-солаи ин ноҳия 5 ҳазор сомонӣ пули нақд ва 1-адад таҷҳизоти наворбардории тамғаи “Панасоник”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷа ба ҷабрдида, ҷамъ ба маблағи умумии 8500-сомонӣ зарари ҷиддӣ расонида шудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?