Дар ҷашнвораи байналмилалии «Дидор» имсол ҳудуди 80 филм интихоб шудааст

Ҳафтумин Синамобазми «Дидор» дар рӯзи Кинои тоҷик-16-уми октябр оғоз мешавад. Ин киноҷашнвораи байналмилалӣ, ки ҳар ду сол як маротиба бо ширкати синамогарони як идда аз кишварҳои ҳамсоя, ҳамзабон ва мамолики дурру наздик баргузор мешавад.

Муассисони Синамобазми «Дидор» мегӯянд рӯзҳои 16– 20 октябр аз соати 10:00 дар Хонаи Синамогарон ҳаррӯза то панҷ сеанс намоиш дода мешаванд. Тамошо ройгон аст. Расми ифтитоҳи Синамобазми VII «Дидор» дар рӯзи Кинои тоҷик – 16 октябр соати 17:00 дар Театри Академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ширкати синамогарони тоҷик ва меҳмонони ҷашнвора (то 40 нафар) аз Озарбойҷон, Арманистон, Афғонистон, Гурҷистон, Ирон, Муғулистон,Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳинд, Швейтсария, Олмон баргузор мешавад.

Чун анъана ҳар Синамобазми «Дидор» ба бузургдошти яке аз синамогарони шинохтаи тоҷик ё ҷаҳонӣ бахшида мешавад. Давраи ҳафтуми Синамобазми «Дидор» ба ёдбуди синамогари машҳури тоҷик, шодравон Бахтиёр Худойназаров эҳдо мегардад.

Гулчини беҳтарин филмҳои ӯ: «Братан» («Бародар») (1990), «Қош ба Қош» (1994),«Падари маҳтобӣ» (1999),«Дар интизории баҳр» (Русия, 2012) манзури тамошобинон мегардад.

Пеш аз намоиши ҳар филм ҳамкасбон ва аъзои гурӯҳи эҷодиаш саҳифаҳои хотироташонро боз хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки Синамобазми байналмилалии VII «Дидор» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2015 ба «Чорабинихои ҷашни 25 солагии Истиклолияти давлатии Точикистон» ворид гардида, зери васояти Кумитаи тадорукот-Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Сафар Ҳақдод, Раиси Иттиҳоди синомагарони Тоҷикистон мегӯяд сарпарастони аслии Синамобазми ҳафтуми байналмилалии «Дидор» –Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «ҷамъияти кушода» –Бунёди мадад дар Тоҷикистон, Дафтари Швейтсарии Ҳамкорӣ дар Тоҷикистон мебошанд.

Инчунин дар баргузории фестивал Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм», Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видео – «Тоҷиккино», Муассисаи давлатии Телевизиони «Синамо», ҷашнвораи байналмилалии филми «Фаҷр» (Эрон), Анҷумани синамогарони ҷавони Эрон, Сафорати ҷумҳуриии Исломии Ирон дар Тоҷикистон, Меҳмонхонаи «Серена Душанбе», Ҳукумати шаҳри Ҳисор, ширкату ҳамкорӣ менамоянд.

Дар Синамобазми навбатии «Дидор» 80 филм аз намудҳои гуногуни ҳунари синамоӣ ва гуногунсабк интихоб шудааст, ки шуморе барои озмуни байналмилалии филмҳои баланди достонӣ ва қисме барои озмуни филмҳои кӯтоҳи достонӣ; теъдоде барои «Панорамаи байналмилалии филмҳо: Гуфтугӯи фарҳанги Ғарб ва Шарқ», «Синамои форсизабонҳо – Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон» ворид шудаанд.

Дар барномаи синамои форсизабонҳо ба осори синамогарони ҷавони навкор таваҷҷӯҳи хоса шудааст. Сафар Ҳақдод ҳамчунин гуфт, ки бо сабаби афзудани таваҷҷӯҳи ҷавонони эҷодкори Тоҷикистон ба аниматсия – филми тасвирӣ –бахши вижае барои муарифии онҳо бо унвони «ҷашни аниматсия», ки филмҳову барномаҳои онҳоро ба намоишу муҳокимаи мутахассисон вогузор менамоянд аз навгониҳои Синамобазми «Дидор» аст.

Дар фестивали мазкур ба синамои муосири Муғулистон, ки тамошобини тоҷик доир ба он маълумоти кам дорад,таваҷҷӯҳи хоса мешавад.

Ин барномаро– мутахассиси муваффақ, продюсер (таҳиякунанда), менеджери фарҳанг ва ҳунар, филмноманавис, Директори генералии Театри давлатии опера ва балети Муғулистон–Мунхзул Чулуунбат муаррифӣ мекунад.

Ҳайати Доварони байналмилалӣ: Низом Қосим (Раис, шоир, нависанда, муаллифи чандин асарҳои драмавӣ, аз Тоҷикистон), Ризо Киёниён (ҳунарпешаи маъруфи синамо, Эрон), Латика Падгаонкар (киношинос, Ҳинд) интихоб шудаанд.

Раиси Иттиҳоди Синамогарони Тоҷикистон иброз дошт, ки дар ҷамъбасти Озмунибайналмилалӣ ба ғолибон чунин ҷоизаҳо супорида мешаванд:

- Шоҳҷоизаи Швейтсарӣ барои беҳтарин филми пурраметражаи достонӣ;

- Шоҳҷоизаи Швейтсарӣ барои беҳтарин филми кӯтоҳметражаи достонӣ;

- Ҷоизаи Швейтсарӣ барои беҳтарин филми тоҷикӣ;

-Ҷоизаи махсуси доварони байналмилали, ки онро Дафтари Швейтсарии Ҳамкорӣ дарТоҷикистон таъсис додааст;

- Ҷоизаи мунаққидони киноиТоҷикистон. Дар фарҷоми Синамобазм ҳамчунин «Мизи мудаввар» дар мавзӯи «Кинои хуб чи гуна сохта мешавад?» баргузор мегардад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?