Дар ҷашнвораи "Дидор" Бахтиёр Худойназаровро ёд карданд

Тавре Сафар Ҳақдодов, раҳбари Анҷумани синомагарони Тоҷикистон иттилоъ дод, ба ҷашнвораи "Дидор", ки аз 16 то 20 октябр баргузор мешавад, 40 меҳмон аз Русия, Эрон, Афғонистон, Арманистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Гурҷистон, Ҳиндустон, Муғулистон, ИМА, Швейтсария ва Олмон даъват шудаанд.

"Ҷашнвораи имсолаи "Дидор" ба гиромидошти хотираи коргардони маъруфи тоҷик Бахтиёр Худойназаров бахшида шудааст ва аз ин рӯ, тасмим гирифтем, то чаҳор филмашро ба мардум нишон диҳем. Ин ёдоварӣ аз мост", - афзудааст Ҳақдодов.

Ба гуфтаи вай, дар ҳафтумин ҷашнвораи "Дидор" 80 филми баланди достонӣ ва филмҳои кӯтоҳ ба намоиш гузошта мешаванд, ки дар онҳо ба “гуфтугӯи фарҳанги Ғарбу Шарқ”, “Синамои форсизабонҳо – Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон” ва осори синамогарони ҷавону навкор таваҷҷуҳи хос шудааст.

Синамобазми байналмилалии “Дидор” аз соли 2004 ин ҷониб дар ду сол як бор баргузор мешавад. Ҷашнвораи гузаштаи “Дидор” ба 110-солагии Комил Ёрматов– коргардон, филмноманавис, ҳунарпешаи тоҷик ва асосгузори синамои Тоҷикистону Ӯзбекистон бахшида шуда буд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?