Дар Фаронса низ ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид карданианд

Президент Франсу Олланд аз мухолифони тағйирот ба Қонуни асосӣ

Дар Фаронса қасд доранд, ки бо баҳонаи тақвияти мубориза бо терроризм ба Қонуни асосиашон тағйирот ворид кунанд.

Дар сурати пазируфта шудани пешниҳоди тағйири Қонуни асосӣ даҳҳо тан аз онҳое, ки фаронсавӣ нестанд, вале шаҳрвандии ин кишварро доранд, аз ин ҳуқуқ маҳрум хоҳанд шуд. Ҳоло ин пешниҳод ба муқовимати сотсиалистон дар Фаронса рӯ ба рӯ шудааст. Ахиран вазири адлияи Фаронса Кристиан Тобира ба нишони эътироз аз шеваҳои мубориза бо терроризм дар ин кишвар ба истеъфо рафт.

Кристиан Тобира аз он норозист, ки дар Фаронса аз ин ба баъд афроди муттаҳам ба терроризм ва дигар ҷиноятҳое, ки ба амнияти миллии Фаронса таҳдид мекунанд, аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ маҳрум мешаванд. Тағйироти ахир дар сиёсати мубориза бо терроризм муғойир ба биниши сотсиалистон аст, ки ҳоло дар сари қудрати Фаронса қарор доранд. 

Тибқи моддаи 25 Кодекси граждании Фаронса шахсе, ки шаҳрвандии Фаронсаро ба даст овардааст, агар даст ба ҷиноятҳое занад, ки манфиатҳои миллиро зери хатар мегузорад, барои омодагӣ ба амалҳои тахрибгарона, барои амал ба фоидаи давлати хориҷӣ, ки ба манфиатҳои Фаронса зарар мерасонад аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ маҳрум мешавад. 

Ислоҳоте, ки давлати Фаронса пешбинӣ мекунад, ангезаҳои худро дорад. Ахиран бар асари чандин амалҳои террористӣ кишвар ба фазои ноамнӣ печид ва онҳое, ки ин амалҳоро содир карда буданд, шаҳрвандони худи ин кишвар буданд. Ҳоло давлатмардони Фаронса талош доранд моддаи 34 Конститутсияи ин кишваррои тағйир диҳанд, то ислоҳот ба шакли комил ворид карда шавад. 

Таҳлилгароне, ки рӯйдодҳои Фаронсаро пайгирӣ мекунанд, мегӯянд ғояи тағйирот ба Конститутсия нав нест, онро соли 2010 Никола Саркозӣ, президенти собиқи ин давлат ҳам пешниҳод карда буд. Вай мегуфт: Бояд шаҳрвандии Фаронсаро аз касоне баргирифт, ки ба ҳаёти намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи таҳдид мекунанд.  Вале худи ҳамон сол сотсиалист Франсуа Олланд зидди ӯ садо баланд кард.

Аммо сарвари ҳизби миллигарои Ҷабҳаи мардумӣ Марин Ле Пен қотеъона талаб мекард, ки аъзои ҷунбишҳои исломӣ бояд ҳатман аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ маҳрум карда шаванд. 

Дар ҳамин ҳол расонаҳои хабарии Фаронса бо такя ба натиҷаи як пурсиши   Via Voice, ки ахиран рӯзномаи  Libération чоп кардааст, мегӯянд 70 дарсади фаронсавиҳо новобаста аз дидгоҳи сиёсиашон аз тағйирот дар Конститутсия пуштибонӣ мекунанд 

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?