Дар ҳамаи боғу хиёбонҳои Душанбе парчам насб мешавад

Шаҳрдори Душанбе дастур додааст, ки 16-уми ноябр дар ҳамаи биною муассисаҳо, боғу хиёбонҳо ва биноҳои истиқоматӣ парчам насб карда шавад.

Тибқи дастури Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе раисони навоҳии пойтахт бояд ороиши идонаи биною муассисаҳоро новобаста аз шакли моликият таъмин карда, то 16-уми ноябр дар боғу хиёбонҳо ва биноҳои истиқоматӣ парчам насб кунанд.

Инчунин супориш шудааст, ки нақлиёти мусофирбар бо парчам ороиш дода шуда, ба муносибати Рӯзи парчам мизҳои мудаввару мусобиқаҳои варзишӣ гузаронда шаванд. 
Рӯзи Парчам дар Тоҷикистон 24-уми ноябр таҷлил карда мешавад.  Дар асоси барномаи тасдиқкардаи шаҳрдори Душанбе чорабинии асосии идона 24-уми ноябр соати 10:00 дар Майдони Парчами давлатӣ баргузор мешавад. 
 

Шояд шумо суол ё назаре доред?