Дар Қирғизистон никоҳи мусалмониро барои афроди то 18-сола манъ карданд

Вакилони Жогорку Кенеш (Парлумони Қирғизистон) дар баррасии сеюм лоиҳаи қонун дар бораи никоҳи мусалмонии афроди ноболиғро манъ карданд.

Ин ҳуҷҷат мегӯяд бояд акнун дар Кодекси ҷиноӣ моддаи нав ҳамроҳ карда шавад. Аида Салянова, яке аз ташаббускорони ин лоиҳаи қонун гуфтааст, ки ҳадаф роҳ надодан ба никоҳ ва издивоҷи бармаҳал аст. Дар иддае кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бахусус Қирғизистон ҳарчанд ақду никоҳи бармаҳал манъ аст, вале никоҳи мусалмонӣ роиҷ аст.

То ба балоғат расидан никоҳи мусалмонӣ мушкили волидонро барои раҳоӣ аз ишқварзиҳои ноҷо осон мекунад. Ва чун синнашон ба камолот расид, ба идораҳои ақду никоҳ меоянд. Ҳоло Қирғизистон иқдом кардааст, ки ин гуна афрод ва омилони издивоҷҳои бармаҳалро муҷозот кунад.

Оморҳои расонашида гувоҳанд, ки 15 дарсади духтарон дар Қирғизистон то синни 18-солагӣ ва 1 дарсади онҳо то 15-солагӣ издивоҷ мекунанд.

Дар миёни ҳамаи 35 кишвари ҳавзаи Авруосиё Қирғизистон дар нишондоди издивоҷҳои бармаҳал дар ҷойи 5-ум қарор дорад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?