Дар мактабҳои туркии Гулен дар Қирғизистон ва Узбакистон 130 ҷосуси амрикоӣ кор мекардааст

Дексстер Филкинс, таҳлилгари амрикоӣ навиштааст, ки дар мактабҳои Гулен дар Қирғизистон ва Узбакистон 130 корманди хадамоти ҷосусии Амрико чун омӯзгорони забони инглисӣ кор мекарданд.

Ин мақола ахиран дар маҷаллаи «New Yorker» чоп шудааст. Ин хабарнигори амрикоӣ дар як таҳлили фарогир навиштааст, ки чи гуна ва бо истифода аз кадом роҳу шеваҳо муддати 30 сол Фатҳулло Гулен ва ҷонибдоронаш тарҳи табаддулот дар Туркияро кашиданд, вале он ноком монд.

Бино ба навиштаи Филкинс Гулен нуфузашро дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аз тариқи ширкати “Хизмат”, ки аслан ба таъсиси мактабҳо машғул буд, боло бурда буд ва пирӯзии табаддулоташ дар Туркия ба ин кишварҳо бетаъсир намемонд.

Ин манбаъ ҳамчунин навиштааст, ки танҳо дар Узбакситон ва Қирғизистон 130 кормандони хадамоти ҷосусии амрикоӣ чун омӯзгорони фанни инглисӣ фаъолият доштанд.

Маврид ба ёдоварист, ки хазинаи Гулен аз соли 1992 дар Қирғизистон фаъол шуд в адар як муддати кутоҳ дар ин кишвар 16 литсеи туркиро боз кард, донишгоҳи ба номи Камол Отатуркро созмон дод, ки ҳоло дар он 796 муаллимони қирғиз фаъолият доранд, 163 омӯзгор аз Туркия дошт ва 36 омӯзгори дигар аз кишварҳои мухталиф.

Баъди нокомии табаддулоти давлатӣ ва ҳарбии Гулен дар Туркия муассисаҳои таълимии он дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ баста шуданд.

Назарҳо

Хадамоти амнияти Точикистон муайян накардааст, ки дар мактабхои туркии Точикистон чи теъдод чосусхои Амрико ва Туркия фаъолият мекардаанд?

Шояд шумо суол ё назаре доред?