Дар манзумаи Шамсӣ 70 ҳазор сол пеш ду ситора мечархид

Гуруҳе аз астрофизикон аз Институти давлатии астрономии ба номи Штернберг хабар додаанд, ки 70 ҳазор сол пеш аз ин дар масофаи 0,8 соли нурӣ аз Замин ситораи Шолтс бо ҳамроҳи худ вуҷуд дошт.

Ин ягона ситораи то имрӯз ба илм маълум дар манзумаи Шамсӣ мебошад, ки марзи берунии он дар қаламрави то ду соли нурӣ қарор доштааст.  Ин олимон натиҷаи таҳқиқоти худро ахиран дар  Astrophysical Journal Letters чоп кардаанд. 

 Убури ин ситора аз абри Оорт, ки чандин ситораи думдорро низ дар бар мегирад, метавонад муҷиби афзоиши лағзишҳои кутоҳмуддати кометаҳо аз сабаби  ихтилоли гравитатсионӣ шуда бошад, ки бар асраи он ситораи Шолтс дар хориҷтари абри Оорт ҷойгир шудааст. 

Ситораи Шолтс, ки номи номенкулатурии он WISE J072003.20-084651.2 мебошад, ба ифтихори аввалин кашшофаш, ситорашинос Ралф-Дитер Шолтс аз пажуҳишгоҳи ахтарфизикии Потстам исми Шолтсро гирифтааст. Онро паканаи сурх меноманд, ки ба андозаи 0,08 вазни Офтоб мебошад ва шарики он - паканаи қаҳваӣ ба андозаи 0,06 вазни Хуршед аст. 

 Олимоне, ки муддати тӯлонӣ ситораи Шолтсро меомӯхтанд, мушаххас карда наметавонистанд, ки  он ба манзумаи Шамсӣ наздик мешавад ва ё аз он дур мегардад. Аммо ин замон маълум шудааст, ки он тадриҷан аз ин манзума фосила мегирад.

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Ду тавсия баройи вожагузинӣ: * гравитатсион = гарониш * номенкулатур = фиҳристи вожагони фаннӣ Мамнун аз мақолаи хубитон

Шояд шумо суол ё назаре доред?