Дар пайи заминларза корманди 36-солаи милиса дар Бартанг ҳалок шудааст

Дар пайи заминларзаҳои силсилавӣ дар Бадахшони Тоҷикистон як корманди милисаи минтақавӣ дар водии Баратанг ба ҳалокат расидааст.

Маҷид Маҷидов, муовини аввали раиси ноҳияи Рӯшон дар тасдиқи ин хабар ба TojNews гуфт, 7-уми декабр зимни сафар ба водии Баратанг мошини кормандони милиса зери резиши сангпораҳо мемонад, ки дар натиҷа нозири минтақавии ҷамоати деҳоти Паскуфи водии Бартанг ба ҳалокат мерасад.

-Илҳомбек Шогунбеков, ки дар ин ҳодиса ҷон бохтааст, 36 сол дошт, - мегӯяд муовини якуми раиси ноҳия.

Тибқи маълумоти пешакӣ ҳудуди 700 манзил дар водии Бартанг дар заминҷумбиҳои рӯзи гузашта хисорот дидаанд. Бар асоси ҳисобҳои пешакӣ 200 манзил пурра хароб гардида, наздик ба 500 манзили сокинони минтақа дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон қисман осеб дидаанд. Роҳ ба минтақа хароб гардида, равуои нақлиётӣ қатъ шудааст.

Муовини якуми раиси ноҳия мегӯяд, “ҳоло ҳама талоши мо барои боз кардани роҳ равона шудааст. То роҳро боз карда, ба деҳаҳои охири водӣ нарасем, аз вазъ ба таври пурра огоҳ буда наметавонем. Ба нафароне, ки дар ҳодиса зарар дидаанд, аз ҷониби духтурони бунгоҳҳои минтақавӣ кумакҳои тиббии зарурӣ расонда истодаанд”.

Сокинони маҳал мегӯянд, ки шаб низ замин батакрор чандин бор ларзид. Бино ба маълумоти Муассисаи илмии “Хадамоти геофизикӣ”-и Академияи илмҳо рӯзи гузашта дар Бадахшони Тоҷикистон се бор ларзидани замин ба қайд гирифта шуд. Аввал соатҳои 12-50  ба вақти маҳаллӣ ба вуқуъ пайваст. Маркази заминларза дар 357 км  ҷанубу  шарқи Душанбе дар 22-километрии кӯли Сарез воқеъ будааст, ки тавоноии ларзиши замин баробар ба 7-8 бали ҷадвали Рихтер арзёбӣ мешавад. Ларзиши замин дар Сарез 5-6 ва дар шаҳри  Душанбе 3-4 балро ташкил дод.  

Бори дуюм, соати 15-04 дар 370 километри ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ларзиши замин ба қайд гирифта шуд, ки  дар марказаш 5-6 бал ва дар шаҳри Душанбе 2-3 балро ташкил дод. Такроран баъди 30 дақиқа дар ҷойи аввава заминларза ба вуқуъ пайваст, ки қувваи он  дар марказаш ба  5-6 бал ва дар шаҳри Душанбе  2-3 бал баробар буд.

Ҳукумат комиссияе барои ҳисоб ва бартараф кардани хисорот ташкил додааст. Муовини раиси ноҳия низ мегӯяд, ҳоло танҳо ба воситаи чархбол ба минтақа кӯмак расондан имкон дорад.   

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?