Дар шаш моҳ 147 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 147 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан кардаанд, ки ин 98,6 дарсад бештар аз ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки сайёҳон аз 69 кишвари олам ворид шудаанд, ки дар қиёс ба шашмоҳаи аввали соли гузашта 74 ҳазор нафар зиёд мебошанд.

Дар Тоҷикистон 90 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекунад, ки 60 ширкат саргарми ҷалби хориҷиён ба Тоҷикистон буда, 30 ширкати дигар шаҳрвандони кишварро ба хориҷ раҳнамоӣ мекунад. 

Кумита мегӯяд, дар ҳоли фароҳамсозии сомонаи сайёҳист, ки қарор аст бо чор забон: форсӣ, русӣ, инглисӣ ва арабӣ роҳандозӣ шавад. Ҳадафи он даъвати хориҷиён ба Тоҷикистон аст.

Дар сомона  дар хусуси 25 макони беҳтарине, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро метавонад ба худ ҷалб созад, маълумоти муфассал дода мешавад.  

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?