Дар суги Маъруфи Бобораҷаб-котиби масъули нашрияи “Минбари халқ”

14-уми октябри соли равон журналисти шинохта, котиби масъули нашрияи ҳизбии “Минбари халқ” Маъруфи Бобораҷаб бар асари фишори баланд дар бемористони Қаряи болои пойтахт дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт.

Маъруфи Бобораҷаб 23-уми феврали соли 1959 дар шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ дида ба олам кушодааст.  Соли 1980 Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Ленинобод (Хуҷанд)-ро хатм намудааст
Фаъолияти кориашро чун муаллим аз мактаби миёнаи рақами 12 ноҳияи Қумсангир оғоз кардааст. Аз соли 1981 то соли 1996 дар мактабҳои миёнаи № 9, 31, ва 6 ноҳияи Айнӣ ба муаллим ва аз соли  1996 директори мактаби миёнаи № 38 ноҳияи Айнӣ таъин шудааст.

Соли 1999 ба шаҳри Душанбе, ба Институти такмили ихтисоси Вазорати маорифи ҶТ ба кор даъват мешавад. Аммо баъдан  ба Идораи барномаҳои иттилоотии Телевизиони Тоҷикистон ба кор қабул мешавад ва то соли 2006 дар он ҷо фаъолият намудааст.
Муддате дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба ҳайси рўзноманигор фаъолият намуда, аз соли 2007 ин ҷониб дар ҳафтаномаи «Минбари халқ» аввал рўзноманигор ва баъдан дар вазифаи котиби масъул кор кардааст.

 Аз хотираи дӯстон ва ҳамқаламони марҳум:

Раҷаби Мирзо: Ҳамин чанд рӯзе пеш буд, ки бо Маъруфи Бобораҷаб дар утоқи кориаш вохӯрдам. Бастаи нашрияи "Минбари халқ" бароям даркор буд, то як пажуҳише анҷом диҳам. Гирифтам ва бо андаке дермонӣ расондам. Аммо вовайло набардошт, ҳарчанд эҳсос мешуд, ки ин рафторам ба ӯ хуш наомада. Аслан намедонистам, ки ин охирин дидор аст...Агар медонистам...чӣ мекардам?
Як каф дуо... Худованд ҳамаи моро дар паноҳаш нигаҳ дорад, ки вагарна ҳоло ё пагоҳ, ё ҳар лаҳзаи дигар, ки Худат хостӣ, ҷонро ба Ҳақ месупорем. Дигар муҳим нест, ки аз кӣ чӣ қарз дорем, илло аз Худо...ва он ҳам қарзе, ки дигар шояд ба ҳич ваҷҳ канда натонем.... Равонат шод, хонаи охиратат обод бошад, акаи Маъруф!
 Мавҷем, ки осудагии мо адами мост,
Осуда аз онем, ки ором надорем...

Ибодуллоҳи Тоҳир: Дилам хун мегиряд, боз як ҳамкор ва як шахси хандонруйу зиндадиле дунёро падруд гуфту моро тарк. Боварам намеояд, ки ӯ дигар бо мо нест. Хеле сахт будааст як дӯст, бародар, ҳамкор ва як ошноро аз даст додан. Худованд хонаи охираташро обод гардонад!

Сайидҷаъфар Ашӯров: Худованд рахмату мағфират кунад! Шоми дирӯз маротибаи дуюм баъди ба бемористон афтиданаш ба беморхона рафтем.....Аммо мутаасифона, баъд аз чанд лаҳзаи даводавӣ табибон ва наздикону пайвандонаш хабари нохӯш расонданд.... Ҳарчанд бо ӯ зиёд хамсуҳбат набудам, вале шунида будам, ки марди кушодачеҳра ва хушсухане будаанд. Писараш Суғдмеҳри Маъруфзод ҳамкори мост... Бори дигар дуо мекунем, ки Худованди бузург барои пайвандонаш сабри ҷамил ва барои шодравон биҳишти ҷовидониро насиб гардонад....

Азамат Дӯстов: Бо ӯ дар як рӯз ба кор қабул шуда будем. Худо раҳмату магфираташ кунад, акаи Маъруфи моро! Баъд аз даст додани инсон аксаран ба қадраш мерасидааст...Дигар садои хандаи ба худ зебандааш идораи моро пахш нахоҳад кард...Бубахшед моро, ака, агар боре ранчонида бошем, ҳарчанд, ки узрпурсӣ акнун дер шуд... Равонатон шоду манзили охирататон обод бод, ҳамкори азиз!

Ширин Қаноат: Солхои 2001-2007 ҳамроҳи марҳум дар ТВ кор мекардем. Бароям мисли бародар буданд. Ҳамеша якҷо "съемка" мерафтем. Акаи Маъруф барои бахши тоҷикиву ман барои бахши русӣ. Беҳтарин солҳои фаъолияти кориям буд. Бовариям намеояд, ки он кас ин дунёи фониро падруд гуфтанду рафтанд. Худои бахшандаву меҳрубон раҳмат кунад ва шоистаи ҷаннат бидонад. Омин...

Абдукодир Талбаков: Аз Худовандему наздаш бозмегардем. Худораҳатӣ инсони шариф буданд. Дар ТВТ дар як идора кор мекардем. Одоби баланд дошту самимияти бародарона.

Салимахон Ваҳҳобзода: Худо биомӯрзад! Соли 2013 бо ҳам дар як сафари Остона будем. Дар фурудгоҳи Олмотӣ дилашон сахт дард кард.....Ҳама бачаҳо хавотир шудем.....Ман бо худ танометр доштам...фишори хунро санҷидем, 180 ба 90 буд....дору аз фишори хун низ доштам, маҷбур кардем то ки нӯшанд.....Он кас хандида гуфтанд: "Эээээ, муаллима, натарсед, ин фишори хуни ман барои ман маъмулӣ аст. Ман одат кардам..." Расидан замон ба Остона ба духтурони меҳмонхона муроҷиат кардем.....Доруву дармон карданд .....беҳтар шуданд.....Пасон баъд аз баргаштанд, ҳар боре, ки вомехӯрдем, баъд аз салому алейк, ҳамеша узр мепурсиданд, ки он вақт моро ташвиш доданд. Инсони боодоб буданд.....Ҷояшон ҷанат бошад! Дареғо!....

Абдуқаюм Қаюмзод: Ҳазор афсӯс ки хеле ҷавон рафт ин бародари арҷманди мо. Ҷояш дар ҷаннат бошад, илоҳо!

Аҳли қалами TojNews ва ҳафтаномаи “Нигоҳ” аз даргузашти журналисти шинохта, котиби масъули нашрияи “Минбари халқ” Маъруфи Бобораҷаб сахт андуҳгир буда, аз Худованди мутаъол барояш биҳишти барин ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил мехоҳад.  Мо аз Худоем ва ба сӯйи Ӯ бозмегардем!

Шояд шумо суол ё назаре доред?