Дар Тоҷикистон ҷарима ва андозу боҷ ба 25 дар сад боло бурда мешавад

Дар Тоҷикистон ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 40 то 50 сомонӣ боло бурда мешавад.

Ин нукта дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2017" зикр шудааст. 

Лоиҳаи мазкур, бино ба иттилои ин манбаъ, дар баррасии ҳукумат қарор дорад. 

Ин нишондиҳанда ҳамасола дар қонуни буҷаи давлатӣ, бо назардошти беқурбшавии эҳтимолии асъори миллӣ пешбинӣ мешавад. Нишондиҳандаи мазкур барои ҳисоби андозу боҷ, ҷарима ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ пешбинӣ шудааст. 

Бино ба иттилои Вазорати молия, нақшаи буҷет барои нуҳ моҳи соли равон 12 млрд. 903 млн. долларро ташкил медод, ки вале ин нақша иҷро нашуд. Иҷроиши нақшаи буҷет дар нуҳ моҳ 97,4% баробар аст.

Ҳудуди 65% аз ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатиро маблағҳо аз пардохти андоз ташкил дода, ҳиссаи даромадҳои ғайриандозӣ то 10% мерасад ва ҳаҷми боқимонда ба даромадҳои ҷорӣ, грантҳо, даромад аз сармоя ва ғайра рост меояд.

Вазорати молия дар ҳоле аз иҷро нашудани нақшаи буҷет хабар медиҳад, ки дар нимсола низ маблағи зарурӣ барои буҷет ҷамъ нашуда буд.

Раванди иҷро нашудани буҷети давлатии Тоҷикистон дар пайи буҳрони молиявӣ тақрибан як сол пеш оғоз шуда буд. Моҳи марти соли 2015 Вазорати молия хабар дода буд, ки буҷет ба андозаи 94 % иҷро гардид. Ин падида дар 5 соли ахир бори аввал буд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?