Дар Тоҷикистон Кодекси тандурустӣ қабул мешавад

Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси тандурустиро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон фиристонд.

26-уми июл дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон қарор шуд, ки Нақшаи стратегии рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар кишвар барои солҳои 2016-2020 ва лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони ирсол карда шавад.

Ин бори нахуст аст, ки дар Тоҷикистон Кодекси тандурустӣ қабул карда мешавад. Кодекси мазкур дар асоси «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» ҳанӯз соли 2014 таҳия шуда буд. Он тӯли қариб 2 сол дар баррасии вазорату идораҳои кишвар буд.

 

Назарҳо

Аз ин Стратегияхо хеч фоида нест. Хубаш назорат кунанд, ки духтурон барои як ташхиси дупула ё як сузандору пул тамаъ накунанд. Аз барои савоб одамон аз пеши духтур рафтан метарсанд. Зеро ки шароити пулдихй надоранд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?