Дар Тоҷикистон вакилони дифоъро бо тоҷирон баробар карданд

Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, адвокатҳо ё вакилони дифоъ, ки ба таври инфиродӣ фаъолият мекунанд, бояд кабинети адвокатӣ таъсис диҳанд ва мисли соҳибкорон андоз супоранд.

Қарори мазкур рӯзи 5 сентябр аз ҷониби раиси Кумитаи андоз имзо шуда, рӯзи 31 октябр барои нахустин бор дар сомонаи ин ниҳод нашр шуд. Ин санад аз рӯзи 1 ноябр ҳукми иҷро гирифт. Акнун бар асоси санади мазкур, вакилони дифоъ вазифадор шуданд, ки 6 дарсади даромадҳояшонро ҳамчун андоз пардохт кунанд.

То кунун ҳуқуқшиносон, ки ба фаъолияти инфиродӣ ва шахсии вакилӣ машғул буданд, 1 дарсади даромадашонро ҳамчун андози иҷтимоӣ ба давлат медоданд. Аз ин ба баъд бар иловаи андози иҷтимоӣ онҳо вазифадоранд, ки 6 дарсади дигари даромадашонро ба давлат пардозанд.

Вакилони дифоъ бо иҷозатномае, ки аз вазорати молияи Тоҷикистон дарёфт мекунанд, дар кумитаи андоз ба қайд гирифта мешаванд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?