​​​​Дар Тошканд масҷиди "Ислом-ота" кушода шуд

Субҳи 6 октябр ба муносибати кушодашавии масҷиди "Ислом-ота" дар кӯчаи Фарғонаи Тошканд барои сокинон маърака ороста шуд. Дар ин маърака инчунин кормандони давлатӣ, руҳониён ва сарояндагони маъруф ҷамъ омаданд.

Моҳи гузашта духтари хурдии Ислом Каримов Лола Каримова-Тиллоева дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки масҷиди Ҷӯрабеки Тошканд бозсозӣ шуда ва номи "Ислом-ота"-ро гирифтааст.

"Бо пешниҳоди уламои дин ва мардум қарор шуд, ки масҷидро ба ифтихори президенти нахустини Ӯзбекистон, падари ман Ислом Каримов бигзорем", - навишта буд Лола. Аммо лоиҳакашон ва муҳандисони Тошканд мегӯянд, масҷиди таърихии Ҷӯрабек хилофи меёърҳои сохтмонӣ бозсозӣ шудааст.

Ислом Каримов 2 сентябри соли ҷорӣ дар пайи сактаи мағзӣ вафот кард. Вай 78 сол умр дид.

 

Назарҳо

Нушдору бад аз марги сухроб фоидае надорад Ин корхоро бояд дар замони зинда будан кард ! Мутаассифона да замони зиндаги масидхоро баста ва махкам мекунем ва касоне ки ба масчид меравандро экстрамист мехонем ва .... Амо бад аз марг ба фикри чуброн меюфтем ки дигар фойда надорад

Шояд шумо суол ё назаре доред?