Дар Туркманистон низ барои президенташ Қонуни асосиро иваз мекунанд

Туркманистон низ тасмим гирифт бо роҳандозии ислоҳот ба Қонуни асосӣ маҳдудияти синнусолӣ барои номзад ба интихоботи раёсати ҷумшҳуриро лағв кунад.

Тибқи иттилои Reuters, Комиссияи вижа бо сарварии президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов лоиҳаи нави Конститутсияи ин кишварро таҳия кард, ки маҳдудияти синнусолӣ барои номзад ба президентиро аз байн мебарад ва муҳлати як даври раёсати ҷумҳуриро аз 5 то 7 сол боло мебарад. 

Хабаргузорӣ дар шарҳи хабар навиштааст, ки ин иқдом солоҳиятҳои бе ин ҳам васеъи президентро дар ин кишвари сарватманди Осиёи Марказӣ васеътар мекунад ва ҳокимияти ӯро таҳким мебахшад.

Рӯзи душанбе матни ислоҳшудаи Қонуни асосӣ барои баррасии омма дар матбуоти расмии ин кишвар интишор ёфт ва эҳтимол меравад на дертар то охири соли ҷорӣ он қабул шавад. 

Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 58 сол дорад ва соли 2012 дуюмин даври президентии худро оғоз карда буд, ки соли 2017 бояд ба поён расад. Дар остонаи анҷоми муҳлати дуюми президентӣ Конститутсияро ба гунае ислоҳ мекунад, ки Бердимуҳаммедов тавонад бидуни мамониат номзад бошад.

Зимнан, Конститутсияи кунунии Туркманистон маҳдудияте дар ширкати як номзад дар интихобот надорад, вале он аз синни 70-сола болоро иҷозаи иштирок намедиҳад. Лағви маҳдудияти синнусолӣ на ба он маъност, ки Бердимуҳаммадов мехоҳад фарзандаш ё пайвандони дигарашро ба ҷойи худ омода созад, балки ин тадбир барои худи ӯст, ки баъди 70-солагӣ низ Райиси ҷумҳур бошад. 

Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баъди пешниҳоди ислоҳот дар Қонуни асосии Тоҷикистон даст ба ин иқдом зад. Қарор аст сокинони Тоҷикистон бо ширкат дар як ҳамапурсӣ дар моҳи май ба ҳузури ҳамешагии президенти амалкунанда дар идораи давлат роҳ кушоянд, ҳамчунин маҳдудияти синнусолиро низ барои номзад ба президенти кунунӣ лағв кунанд.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

КПСС чунон дар рагу пайванди хукуматдорони ин минтака захр чакондааст ки мллатхои худро барои курсихои худ мекушанд меуфурушанд нобуд мекунанд то ду се руз худашон дар вазифа монанд

Шояд шумо суол ё назаре доред?