Дар Вена президенти Туркманистон аз мулоқот бо журналистон даст кашид

Президенти Туркманистон  Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар Вена аз мулоқоти рӯ ба рӯ бо журналистон даст кашид. 

Бино ба навиштаи “Хроника Туркменистана”, ки сомонаи мустақили “Ташаббуси туркмании ҳуқуқи башар” мебошад, 12 майи соли равон баъди имзои як силсила тавофуқномаҳо сарварони Австрия ва Туркманистон - Фишер ва Бердимуҳаммедов дар назди хабарнигорон суханронӣ карданд. 

“Тибқи протокол мебоист дар поёни суханронӣ нишасти матбуотӣ доир мешуд, вале ҷониби Туркманистон ба он исрор варзид, ки ба журналистон имкони саволу ҷавоб дода нашавад”, -менависад нашрия. Мизбонон низ чораи дигаре ба ҷуз қабули хоҳиши меҳмон надоштанд ва нишасти матбуотӣ аз барнома лағв гардид.  

Баъди он ки маълум гардид нишасти хабарӣ доир намешавад, қисми бештари намояндагони расонаҳои дохиливу хориҷӣ қасри Ҳофбургро тарк карданд.  

Ин дар ҳолест, ки президенти Австрия Ҳайнс Фишер дар суханрониаш ишора намудааст, ки ар ҷараёни мулоқоташ бо ҳамтои туркмани худ вазъи ҳуқуқи башар дар Туркманистонро низ баҳс кардааст. 

Аммо Бердимуҳаммадов дар ин бора ҳарфе нагуфтааст, танҳо дар бораи ҳамкориҳои судманди ду кишвар сухан рондааст ва дар поён аҳли нишастро ба ҷашни 20-солагии кишвари бетараф эълон шудани Туркманистон даъват кардааст.  

Ин манбаъ мегӯяд, суханронии ду президент беш аз даҳ дақиқа идома накард. 

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?