Дар Восеъ нимпайкараи генерал Рустам Амакиевро мегузоранд

23-юми феврал дар ноҳияи Всоеъ парда аз рӯи нимпайкараи генерал Рустам Амакиев, собиқ фармондеҳи дастаи “Алфа”-и КДАМ бардошта хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Мусо Ғафурзода, раиси ноҳияи Восеъ, нимпайкараи собиқ фармондеҳи “Алфа” дар назди бинои литсейи касбӣ- техникии ноҳияи Восеъ бо харҷи 100 ҳазор бунёд мекунанд. Нимпайкара 3,5 метр баландӣ дошта, онро ҶДММ “Ҳасан-Бегӣ” бунёд мекунад.

То ҳол ҳудуди 70%-и бунёди ин тандис ба анҷом расида, 23-юми феврал маросими ифтитоҳи он баргузор мешавад.

Рустам Амакиев, 15-уми сентябри соли гузашта дар амалиёти безараргардонии гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофеа ба ҳалокат расида буд. Ӯ ҳангоми кушта шуданаш 41 сол дошта, зодаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон буд. Баъд аз маргаш Президент Эмомалӣ Раҳмон ба оилаи ӯ як хонаи истиқоматӣ ва 2 қитъаи замини наздиҳавлигӣ дод. Инчунин бо фармони Президент пас аз маргаш ба Рустам Амакиев рутбаи генерал-майор дода шуд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?