Даргузашти рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик

Раҳими Рафеъзод, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик дар 58-солагӣ аз олам даргузашт. 

Ба гуфтаи наздикони марҳум, чанд вақти ахир ӯ аз бемории қалб ранҷ мекашид. Ним сол қабл Раҳими Рафеъзод дар Ҳиндустон ҷарроҳӣ шуда буд, аммо ба гуфтаи наздиконаш ин кӯмакаш накард.

Маросими ҷанозаи марҳум имрӯз 3-юми ноябр ноябр дар зодгоҳаш деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ баргузор мешавад. 

Раҳими Рафеъзод аз соли 2009 ба ҳайси хабарнигори минтақавии ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ва “Садои мардум” буд. Муаллифи шаш китоб ҳам мебошад.

Ӯ соли 1958 дар оилаи деҳқон ба дунё омада, мактаби миёнаи рақами 6-и деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъро хатм кардааст. Соли 1979 Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо бо ихтисоси физика хатм карда, ба кори омӯзгорӣ шуруъ намуд.

Маҷмӯаи аввалини нависанда аз тарафи нашриёти «Сурӯшак» бо номи «Бӯйи деҳа» (2003) аз чоп баромад. Баъдан маҷмӯаҳояш бо номҳои «Бозгашт барои марг» (2005), «Дар хобу бедорӣ» (2011) ва «Чароғи давра» (2012) нашр шуда, ба дасти хонандагон расидаанд.

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, аз соли 2009 то 2015 ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон кор кардааст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?