Дарвозаи 500 ҳазораи шаҳри Истаравшан бардошта мешавад

Дарвозаи рамзии шаҳри Истаравшан, ки бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ бунёд шуда буд, аз байн бардошта мешавад.

Бино ба иттилои Олимҷон Азаматов, мудири Шӯъбаи нақлиёт ва комуникатсияи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, ин дарвоза ба талаботи таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷавобгӯ набуда, боиси рух додани шумораи зиёди садамаҳои нақлиётии ҳалокатовар гардида буд.

Манбаъ мегӯяд, иқдоми аз байн бардоштани дарвозаи рамзии шаҳр бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва ба ин васила ҳифз намудани ҳаёту саломатии иштирокдорони ҳаракат дар роҳ гирифта шудааст.  Зеро тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд то соли 2016 дар ин дарвоза 9 садама рух додааст, ки дар он 8 нафар ба ҳалокат расидаву 14 кас ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ба таъкиди ҷаноби Азаматов, дар асоси қарори Комиссияи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои ҷумҳурӣ гурӯҳи корӣ ба шаҳри Истаравшан сафар намуд ва бардоштани дарвоза аз 7-уми июл шуруъ шудааст. Барои анҷоми корҳо техникаҳои зарурӣ сафарбар гардидаанд.

Дарвозаи рамзии шаҳри Истаравшан дар километри 245-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан қарор дошт ва он расман соли 2008 ба истифода дода шуда буд. Сомонаи "Фараж" менависад, барои бунёди ин дарвоза 507 ҳазор сомонӣ маблағ масраф шуда буд. 

Назарҳо

отлично !! столько аварии там было
Ин дарвоза шакалод ё акаллан ручка истехсолот мекунад?
100 нафар зиёд одам мурд
нро интизор будем аммо тасаввур намекардем Хамин аст окибати кундназари бояд дурандеш буд бояд хамаи чихатхоро ба назар мегирифтанд акнун кучо рафт ним миллион ки пардохиют мекунад онро бо ин маблаг метавонистед ягон мактаби замонави ягон шифохона е инки корхонае боз кунед аммо шумо Парчами сар ба афлок созед дарвозаву дигар чизхое ки ба вазьи ичтимоиву иктисодии давлаиту миллат фоидае надорад танхо худнишондихист ва аз дурандеши дур вакте мутахассисони рус е англис кароре мебароранд он то 500 сола дар бар мегирад ино Хамин руз месозанд фардо вайрон мекунанд агар натавонед истеьфо дихед хастан шахсоне ба нафьи давлату ахолии он бо садокату заковат кор кунанд
Раиси онвақтаи Истаравшан Муним Холиқов (агар хато накунам) онро беҳуда сохта буд танҳо барои худнамоӣ. Акнун пас аз хароҷоти зидё онро мебардоранд, чаро? Бигзор раиси онвақтаи шаҳрро гӯянд, то маблағи андозсупорандагоро баргардонад!
Дар аввал бояд, ки сохтмони ин хел объектхоро аз аввал ичозат намедоданд. Чунки ин дарвозахо аз пули бучаи давлат сохта мешаванд, на аз хисоби раисони шахру нохия ва вилоятхо. Дуюмаш ин, ки ин хел объектхо ягон фоидаи иктисоди надоранд, яъне пул фоида намеоранд, балки факат барои таъмиру нигохдории худ харочоти пули талаб мекунанд. Сеюмаш ин ки ин дарвозахо роххои бе ин хам танги шахру нохияхоро боз тангтар мекунанд. Агар тамоми дарвозахои дар даромади шахру нохияхои Точикистони азизамон сохташуда ва харочотхои нигохдории онхоро хисоб кунем, мумкин пули чанд корхонаву фабрикахои истехсоли мешавад, ки метонистанд чандсад чои кори доими ва супурандаи андоз шаванд. Ё акалан чони чанд шахси беморро табобат кардан мумкин буд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?