Дастаҳои “Истиқлол” ва “Ҳосилот” барои Ҷоми Тоҷикистон рақобат мекунанд

Дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Ҳосилот”-и Фархор ба даври финалии Ҷоми Тоҷикистон роҳхат гирифтанд.  

Бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон шоми 5-уми ноябр баргузор мешавад.

Дар бозии ҷавобии шоми дирӯз «Ҳосилот» дар шаҳри Хуҷанд соҳибони майдон- дастаи «Хуҷанд»-ро бо ҳисоби 1:2 мағлуб кард. Вохӯрии аввали ин дастаҳо дар Фархор низ бо ғалабаи «Ҳосилот» бо ҳисоби 4:2 ҷамъбаст шуда буд.

Дар бозии ҷуфти дуюми нимниҳоӣ «Равшан»-и Кӯлоб «Истиқлол»-ро дар майдонаш қабул карда, натиҷаи мусовиро (0:0) ба даст овард ва аз рӯи натиҷаи бозии аввал (4:0) «Истиқлол» ҳуқуқ пайдо кард, ки дар бозии ниҳоӣ ширкат варзад.

Ба ҳамин тартиб, бори аввал дастаҳои «Истиқлол» ва «Ҳосилот» дар финали Ҷоми Тоҷикистон бо ҳам қувва месанҷанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?