Дастгир шудани қочоқчии ёқут дар Мурғоб

Бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо сокини 32-солаи сокини ноҳияи Мурғоби ВМКБ дастгир шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии кишвар дирӯз 17 майи соли ҷорӣ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар мавзеи Чамантали ноҳияи Мурғоби ВМКБ, марди 32-солаи сокини ноҳияи Мурғоб, ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳои табиӣ дастгир карда шуд.

“Дар вақти кофтукови шахсӣ аз номбурда 5 киллою 480 грамм сангҳои  қимматбаҳои ёқут, дарёфт ва мусодира карда шуд”-афзуд манбаъ.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?