Даъватҳо барои дӯстӣ дар Facebook умрро тӯлонӣ мекунад

Муҳаққиқони ИМА муайян кардаанд, ки вақтгузаронӣ дар Фейсбук ба сиҳатӣ ва давомнокии умри инсон чӣ таъсир дорад. Онҳо оиди таҳқиқоти худ дар маҷаллаи PNAS иттилоъ додаанд.

Мутахассисони Донишкадаи Калифорнияи Сан-Диего дар доираи ин пажӯҳиш 12 ҳазор саҳифаи фейсбукии шахсонеро, ки солҳои 1945-1989 таваллуд шудаанд, таҳлил ва бо асноди Департаменти тандурустии Калифорния муқоиса кардаанд.

Дар натиҷа муайян шудааст, ки истифодаи на чандон зиёди Фейсбук бо поин рафтани мизони маргу мир тавъам дониста мешавад ва дархости дӯстӣ бо кам шудани маргу мир ҳамхон аст. Ба назари донишмандон, барои инсон ҳатмӣ нест, ки робитаҳои иҷтимоияшро танҳо дар ҳаёти воқеӣ ба роҳ монад ва муносибатҳои маҷозӣ низ муносибанд.

Олимон ҳоло дақиқан гуфта наметавонанд, ки Фейсбук умри инсонро дароз мекунад. Ба назари онҳо, эҳтимоли акси ин ҳолат низ вуҷуд дорад.

Олимон қаблан аз дарёфти гене хабар доданд, ки нобуд кардани он мумкин аст умро тӯлонӣ кунад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?