Диктатор Лукашенко. Худкомае, ки на падарашро медонад ва на рӯзи таваллудашро

Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифт ҳама таҳримҳои худро алайҳи Белорус лағв кунад. Белорус ва президент Лукашенко шарти оддӣ кардани равобит бо кишварҳои Аврупо ва Амрикоро иҷро кард. Чанде пештар вай ҳамаи зиндониёни сиёсиро аз маҳбасҳо озод намуд ва ба ҷаҳониён эълон кард, ки дар ин кишвар дигар зиндонии сиёсӣ боқӣ намонд. Ба истилоҳ “охирин диктатори Аврупо” рӯ ба мусолиҳа овард, мухолифонашро бахшид.

“Бачагии ман миёни ҳайвонот ва рустаниҳо гузашт”

Зодаи  шаҳраки Кописи ноҳияи Оршани вилояти Витебск, бобояш Трофим Иванович аслан аз вилояти Сумски Украина будааст. Модараш то Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар рустои Александрияи вилояти Могилёв мезистааст, баъди ҷанг муддате дар Оршан зиндагонӣ ихтиёр кардааст ва писари ягонааш ҳам он ҷо ба дунё омадааст. Баъдан ба деҳа баргашта, дар фермаи мол говдӯшӣ кардааст. Ду-се сол пеш зимни ёдоварӣ аз айёмӣ кӯдакии худ Александр Лукашенко гуфта буд: «Бачагии ман миёни ҳайвонот ва рустаниҳо гузашт”.

Дар масъалаи рӯзи таваллуди Лукашенко низ таърихи гуногун оварда мешавад. Тибқи асноди расмӣ вай 30-уми август ба дунё омадааст. Аммо соли 2009 вай дар суҳбат бо нашрияи русии “Звезда” гуфт: “Шумо медонед, ки ман ҳам одамам, фарзандон дорам, бахусус хурдтарини онҳо Николай. Ману ӯ дар як рӯз - 31-уми август таваллуд шудаем”.  Баъди ин сомонаи Президент дар тарҷумаи ҳоли вай тағйирот ворид намуд ва санаи таваллудашро тибқи ин мусоҳиба дигар кард. Соли 2010 равобит миёни Белорус ва Русия бад шуд ва дар пасманзараи ин президенти вақти Русия Дмидрий Медведев Лукашенкоро ба зодрӯзаш табрик накард, чун намедонистанд вай 31-уми август ба дунё омадаааст ё 30-ум.  Худи ҳамон сол дар пешниҳоди аснодаш барои сабти номи номзадӣ ба раёсати ҷумҳурӣ Лукашенко боз ҳамон санаи қаблӣ: 30-уми августи соли 1954-ро навишт.

Александр бепадар ба камол расидааст, вале мегуфт: “Падари ман ҳам дар вақти ҷанги дуюми ҷаҳон кушта шуд”, дар ҳоле, ки худи ӯ соли 1954 ба дунё омадааст.

Аввал факултаи таърихи донишкадаи педагогӣ ва баъд ғоибона бахши иқтисоди Академияи кишоварии Белорусро хатм кард. Солҳои 1975-1977 дар ҳайати неруҳои марзбонии Кумитаи бехатарии СССР хизмати аскарӣ анҷом додааст. Баъди бозгашт аз хизмати ҳарбӣ фаъолияти кории худро аз кумитаи комсомол оғоз кард, узви ҳизби коммунист шуд,  се сол ҷонишини фармондеҳи ротаи тонкӣ дар умури сиёсӣ буд, баъд ба колхозҳо баргашту ҷонишини раиси колхозу боз дар чандин вазифаи дигар кор кард.  

 Диктаторе, ки дар бораи диктаторҳо мақола навишт

Фаъолиятҳои сиёсии худро солҳои бозсозии горбачёвӣ оғоз кардааст. Соли 1990 вакили мардум дар Шӯрои олии Белорус интихоб шуд, бо аввалин суханрониҳои интиқодиаш аз кори Раиси Шӯрои олии Белорус Станислав Шушкевив миёни мардум шуҳрат пайдо кард. 

Аввалин мақолаи баҳсбарангезаш, ки онро баъзеҳо як хати сиёсӣ ҳам унвон карданд, моҳи октябри соли 1991 дар нашрияи “Народная газета” бо номи “Диктатура: гузинаи белорусӣ?” чоп шуд. Фурсате баъд коммунистони демократмаоб дар парламон фраксияи “Коммунистон барои демократия”-ро созмон доданд, ки Лукашенко аз ҷумлаи фаъолони он буд. Аммо дар овоздиҳии Созишномаи Беловеж дар мавриди пош додани СССР, Лукашенко  зид овоз додааст, ё бетараф будааст ва ё аслан ҳузур надоштааст, номаълум аст. Хеле баъдҳо суқути Шӯравиро “бузургтарин фоҷеаи геополитикии қарни ХХ” номид. 

Лукашенко аз оғоз бо ғояи ҳамоиш бо Русия сари кор омад, вале ин пешниҳоду ин талошҳо ӯро тадриҷан аз командаи худаш дур кард. Аксари касоне, ки бо ӯ дар оғоз канор омада буданд, тадриҷан ба мухолифонаш табдил ёфтанд. Аз миёни ҳамгинони аввалааш танҳо Виктор Шейман то охир ба президент содиқ монд. 

Дар аввалин маъракаи қаблазинтихоботӣ дар соли 1994 ба ҷони Лукашенко сӯиқасд сурат гирифт. Дар Лиознои вилояти Витетбск мошини “Мерседес”-е, ки ӯ бо ду вакили парламон Иван Титенков ва Виктор Шейман савори он буд, аз ҷониби саворагони мошини “Форд” ҳадафи тир қарор гирифт, вале касе аз он осебе надид. 12 рӯз баъди ин ҳодиса Лукашенко дар дохили бинои ҳукумат аз ҷониби се милитсионер латукӯб шуд ва ҷароҳати начандон вазнини ҷисмонӣ бардошт.  

Интихоботи аввалини раёсати ҷумҳурии Белорус дар давра баргузор шуд ва дар даври дуввум Александр Лукашенко бо дарёфти 80,1 дарсади овозҳо аввалин президенти интихобии Белорус интихоб шуд. Аз он вақт то ба имрӯз вай роҳбари бебадали ин ҷумҳурии славянист. 

 Соли 1995 Александр Лукашенко бо роҳандозии як ҳамапурсӣ аз ҳамватанонаш хост ба чор тағйирот овоз диҳанд: ба забони русӣ додани мақоми забони давлатӣ; парчам ва рамзи давлатӣ; тасдиқи барномаи ҳамоиши иқтисодӣ бо Русия ва ба президент додани ҳақи лағви фаъолияти парламон.  75 дарсади сокинони посухи мусбат доданд. Ин буд, ки забони русӣ дар ин кишвар дуввумин забони давлатӣ эълон гардид.Ин аввалину охирин иқдоми сарвари Белорус барои ҳамоиш бо Русия набуд. Дар ин миён метавон аз чандин созишномаҳо ёд кард, ки ду кишвар барои одӣ кардани равобит ва наздик шудан имзо кардаанд.  Муҳимтарини онҳо муоҳадаи гумрукӣ ва таъсиси Иттиҳодияи Авруосиёст, ки яке аз муаллифони он Лукашенко буд ва ҳоло Русия, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон узви онанд. 

“Диктатор бошам хуб аст, ё ҳамҷинсгаро?”

Дар қисмати аврупоии қаламрави собиқ Шӯравӣ Белорус ягона кишварест, ки роҳи ҳокимони Осиёи Марказиро тай мекунад. Соли 1996 бо роҳандозии ҳамапурсии дигар барои тағйири Конститутсия ҳузураш дар курсии президентиро боз панҷ сол тамдид кард, аммо натиҷаи ин ҳамапурсиро на Иттиҳодияи Аврупо ва на Амрико пазируфтаанд.  

9-уми сентябри соли 2001 интихоботи нави президентӣ доир шуд ва Лукашенко боз ҳам бо дарёфти 75,65 дарсади орои мардум райиси ҷумҳур интихоб шуд.  Се сол баъд Лукашенко боз як ҳамапурсӣ роҳандозӣ кард ва дар он маҳдудиятҳои ширкати як номзад дар интихоботро лағв намуд. Бо ин васила вай ҳақи онро ба даст овард, ки чанд боре дилаш мехоҳад дар интихобот ширкат мекунад.    

Дар ин давраи президентӣ иқтисоди Белорус рӯ ба рушд овард, аз рӯйи бештари нишондоҳои иқтисодиву саноатӣ пешрафт ба мушоҳида расид, ҳарчанд бахше аз ин комёбиҳо ба интиқоли нафти Русия аз тариқи Белорус ба Аврупо вобаста буданд. 

Интихоботи соли 2006 бо мухолифатҳои шадиди ҷонибдорони номзадҳои дигар Милинкевич ва Козулин гузашт. Онро низ чун интихоботҳои пешина Иттиҳодияи Аврупо қабул накард. 

Аввали соли 2008 Шӯрои амнияти Белорус тарҳи пешниҳодии Лукашенкоро дар мавриди бунёди неругоҳи ҳастаӣ пазируфт. Ҳадафи ин таъмини мамлакат бо энержии арзон ва боло бурдани бехатарии энергетикии милии кишвар унвон шуд. Коршиносон гуфтаанд, ки баъди ба кор даромадани ин неругоҳ Белорус метавонад наздик ба 1 миллиард долларро аз воридоти гази табиӣ сарфа кунад.    

Чорумин интихоботи президентӣ бо ширкати Александр Лукашенко 19-уми декабри соли 2010 ва панҷумин интихобот 11-уми октябри соли 2015 баргузор шуд. Дар ҳарду Лукашенко бо касби 79,65 ва 83,49 дарсади овози мардум курсии президентии худро ҳифз кард. 

Ягон интихоботи парлумонӣ ва президентии Белорус аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА пазируфта нашуд ва ҳамеша аз шеваи баргузории ин маъракаи сиёсӣ интиқод мешунид. Александр Лукашенко ягона сарвари давлат дар кишварҳои пасошӯравист, ки вурудаш ба мамолики Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико мамнуъ шудааст. Соли 2006 аввал ИА ва баъд ИМА ӯро мамнуъвуруд эълон краданд. Соли 2008 ин мамнуъият лағв шуд, вале моҳи январи соли 2011 Лаҳистон Лукашенкоро мамнуъвуруд ба қаламраваш эълон кард. Моҳи апрели соли 2011 Иттиҳодияи Аврупо то 31-уми октябри ҳамон сол вуруди Лукашенко ва 35 нафар шахсони расмии Белорусро мамнуъ эълон намуд ва ҳамзамон низоми маҳдудиятҳои дарёфти раводидро низ ба ҳукми пешин боқӣ гузошт.  

Давлатҳои ғарбӣ аз низоми ҳокимият дар Белорус шадидан интиқод мекунанд ва ҳатто ӯро охирин диктатори Аврупо меноманд. Вале худи Лукашенко ҳамеша ин гуна интиқодҳоро нодида мегирад ва ҳатто боре ба танз ҳам гуфт: “Хуб диктатор, пас бигзор диктатор. Дар ин низ баъзе бурдҳо ҳаст. Охирин диктатор, мефаҳмед? Охирин! Шумо наомадед ин ҷо, ҳоло ки зинда аст, ӯро бубинед. Боз дар куҷо тӯли умратон ӯро вомехӯрдед ва суҳбат мекардед?”

Дар посух ба суханони вазири умури хориҷии Олмон, ки ӯро ҳамҷинсгарои ошкор медонанд - Гидо Вестервелл, ки Лукашенкоро диктатор номид, гуфт: “ Инро шунида фикр кардам: хуб аст, ки диктатор бошам, то ки ҳамҷинсгаро”.

Дар як ҳисоботе, ки сарвари идораи ҷосусии Амрико ба Конгресси ин кишвар ироа кард, гуфта мешуд, ки Лукашенко Белорусро аз рӯз ба рӯзи дигар аз Ғарб дур мекунад ва пойбанду вобастаи иқтисодии Русия месозад. Узви ПАСЕ Христос Пургуридес ҳукуматдорони Белорусро ба он муттаҳам мекард, ки мухолифонро мерабояд ва аз саҳнаи зиндагӣ нопадид мекунанд.  Як сабаби манъи вуруди Лукашенко ва атрофиёнаш ба Иттиҳодияи Аврупо ғайбзании асроромези Ю.Захаренко, В Гончар, А. Красовский ва Д.Завадской барин интиқодгарони сиёсатҳои президент буд. 

Оила ва фарзандон

Соли 1975 Лукашенко бо  Галина Родионовна ҳамхона шуд. Онҳо имрӯз расман ҷудо нашудаанд, вале ҷудо зиндагонӣ мекунанд. Соҳиби се писар бо номҳои Виктор, Дмитрий ва Николай ва 7 набера мебошанд. Вале баъзе расонаҳо навишта буданд, ки модари Николай Ирина Абелская, собиқ сардухтури бемористони президент ва духтури шахсии Лукашенко мебошад. 

Чанд нуктае, ки таъкидаш зарур аст:

 Лукашенко чӣ дар оғоз ва чӣ ҳоло мулоқот бо мардумро яке аз масъулиятҳои худ медонад. Вай гоҳе дар майдони картошказор худро мезанад ва решаи ниҳолҳоро мековад, то бинад, ки ҳосил то кадом ҳад фаровон аст ва гоҳи дигар ба корхонаи тавлиди трактор меравад ва ҷиддан талаб мекунад, ки ба сифати корашон таваҷҷуҳ кунанд. Вале инҳо таъкидҳое нестанд, ки барои худнамоӣ гуфта шаванд, балки бо гузашти муддате вай ба мавзуъ бармегардад ва боз ҳам ҷиддан талаб мекунад.

Таҳлилгароне, ки дар бораи Лукашенко менависанд, мегӯянд вай мисли соҳибмансабони Русия ба хонаву чизу чора ҳарис нест, ки дар ҳар гӯшаи олам қасреро харидорӣ кунад. Вай ҳокимиятро дӯст медорад ва ҳамин муҳаббат ба вай имкон намедиҳад, ки даст ба тороҷи мамлакат занад. Аз сӯйи дигар вай ба дарозмуддат чашми умед дӯхтааст, аз ҳоло писарбузургашро омода мекунад ва ният дорад фарзаннди кӯчакаш дар ояндаи наздик ёвари бародараш бошад.

Вале мушкили Лукашенко дар тобеъият ва вобастагиаш аз Маскав аст. Имрӯз ҳадс мезананд, ки агар иртибот миёни Минск ва Маскав тағйир кунад, модели иқтисодие, ки Лукашенко бо пули Маскав сохтааст, аз реша нобуд мешавад, он замон вай дигар наметавонад инону ихтиёри Белорусро дар даст дошта бошад. Ягона хатаре, ки ба ин режим таҳдид мекунад, ҳамин вобастагист.

Лукашенко роҳбаре дар қаламрави Шӯравии собиқ аст, ки тавонист Белорусро аз ҳар хатар нигоҳ дорад, иқтисоди онро нагузорад, ки фалаҷ шавад ва ҳамзамон боварии мардумро ба даст орад. Вай тавонист ҳамаи таҳримҳои хориҷиро таҳаммул кунад, вале ҳаргиз бо баҳонаи ин таҳримҳо ҳоли мардумро табоҳ накард. Тавонист бо издиҳоми 40 ҳазорнафараи эътирозгарони  майдон низ бисозад, ҳарчанд сарваронашонро зиндонӣ карда бошад ҳам.

 Аз сӯйи дигар Александр Лукашенро сарварест, ки ҳамеша бо зери по кардани қонуни асосии кишвараш амалан муҳлати будубошаш дар қудратро бо роҳандозии интихоботҳои ғайриқонунӣ тамдид кардааст. Ҳамзамон бо ин вай наметавонад интиқодоти байналмилалӣ ва мухолифони сиёсиашро таҳаммул кунад. Вай акнун шахсест, ки имкон дорад то поёни умр сарвари ин кишвар бошад, чун қонун ба вай ин ҳақро медиҳад ва медонад, ки ҳизби мухолифе, ки аз пуштибонии ҷомеа бархӯрдор бошад, дар Белорус нест ва гумон аст зарфи ин ду ё се даҳсола пайдо шавад. 

Чанд иқтибоси ҷолиб аз суханони Лукашенко

  • Ман президенти давлатам ва ин давлат хоҳад буд, то даме, ки ман президенти онам.
  • Ҳар касе менӯшад, ба ман овоз надиҳад, ман бо ин гуна афрод дӯстӣ намекунам.
  • Гап сари он нест, ки шумо маро интихоб мекунед ё не, куҷо ҳам хоҳед рафт, албатта интихоб мекунед  ва агар шуморо писанд аст ё на, ман ҳокимият хоҳам кард.
  • Мардуми Белорус  ҷуръат кард ва маро президенти худ интихоб намуд. Ин ҳодисаи басо нодири таърих аст ва шояд дигар ин гуна ҳодиса рӯй надиҳад.
  • Вижагии вазъи Белорус он аст, ки ман ба касе чизе уҳдадор нестам.
  • Ман атеист, вале атеисти православӣ.
  • Ман китоб намехонам, ман онҳоро ҳамин хел варақ мезанам. Вақти китобхонӣ надорам.
  • Ман бо шеърҳои Васил Биков калон шудаам (Биков аслан шеър наменавишт).

​Бобоҷони ШАФЕЪ

бознашр аз гӯшаи "Диктатор"-и ҳафтаномаи "Нигоҳ"

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Точнюс ту лангарбардори гарб шуди чи??? Лукашенко президенти бехтарин аст... танхо барои бачабозиро конуни накарданаш Гарб уро Диктатор меномад

Шояд шумо суол ё назаре доред?