Диктатор. Сафармурод Ниёзов-Туркманбошӣ

«Медонам, ки баъд аз сари ман чӣ мегузарад. Пайкараҳои маро хароб мекунанд, суратҳои маро дар рӯйи пулҳо нобуд месозанд, вале бидонед, ки барои халқ рамзе лозим аст, то тавонад бо он ифтихор намояд”.

Бале, ӯ яқинан медонист, ки баъд аз сари ӯ ин ҳама беш аз 14 ҳазор пайкараву нимпайкараи ӯро бармекананд, китоби муқаддасашро агар ошкор ба оташ накашанд ҳам, пинҳонӣ ин корро анҷом медиҳанд, портретҳои бешумораш аз ҷодаву хиёбонҳо барканда мешаванд.  На, ӯ авлиё набуд, вале чандон ахмақ ҳам набуд, ки аз гузаштагонаш ибрат нагирад. Вай писарбачаи замони Сталин буд, наврасии худро дар айёми Хрушев пушти сар гузошт, дар замони салтанати Брежнев ба зинаҳои аввалини қудрат расид ва чун Горбачёв сари кор омад, бо истифода аз бозсозии ӯ тадриҷан Туркманистонро соҳибистиқлол кард ва қудратро комил ба даст гирифт. Ӯ наметавонист ин ҳамаро таҳлил накунад. Куҷо шуд он зӯри бозуи Сталин, шахспарастиҳои Брежнев? Куҷоянд он пайкараҳои баланду он китобҳо? Ва ӯ ин ҳамаро ҳатман тасаввур мекард. Вале бадбахтиаш дар он буд, ки медонист, аммо пайи ислоҳаш намекӯшид. Шояд аз ин ҳамҳамаю дабдабаҳо лаззат мебурд. Ҳарчанд борҳо таъкид мекард: «Аз мадҳияҳо ман омодаам ба қаъри замин фурӯ равам. Охир ҳамаи сурудҳо дар бораи мананд. Аз шарм намедонам чашмонамро куҷо гурезонам...”

Фоҷеаҳои тифлӣ, ятимиву бекасӣ

Сафармурод Ниёзов, ки бо унвонҳои Турманбошӣ (сарвари ҳамаи турманҳо), Сардор, яъне доҳӣ шуҳрат дошт, 19-феврали соли 1940 дар деҳаи Қипчоқи вилояти Ишқободи Туркманистон  ба дунё омад. Дар бораи падараш маълумоти дақиқ вуҷуд надорад. Ба гуфтаи худи ӯ исми падараш Отамурод Аннаниёзов буд, ҳанӯз Сафармурод дар батни модар буд, ки  дар зиндон мурдааст. Аммо бино ба маълумоти расмии библиографӣ падари ӯ  соли 1941 ихтиёрӣ ба ҷанг рафтааст ва 24-уми декабри соли 1942, чун фармондеҳи як гуруҳи хурд барои озодсозии Қафқоз ба ҳалокат расид. Вале тибқи маълумоти дигар, падараш дар деҳаи Чиколаи Осетияи Шимолӣ ба асорат афтодааст ва аз ҷониби фашистон кушта шудааст.

Модараш Гурбонсултон –эдҷе ҳамроҳ бо бародаронаш Муҳаммадмуроди даҳсола ва Ниёзмуроди шашсола дар заминҷунбии Ишқобод (соли 1948) ба ҳалокат расиданд.

Сафармурод ятим мемонад ва дар хонаи ятимони Қизил – Арват таҳсил ва ба камол мерасад. Баъди хатми мактаби миёна вай аллакай дар кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони иктишофоти геологӣ ба фаъолияти корӣ оғоз мекунад. Соли 1962 ӯро ба узвияти КПСС қабул мекунанд, ки он замон узви ҳизб будан барои пайдо кардани ҷойи кори хуб замонат буд.  

 Фаъолияти кории ӯ баъди соҳиби дипломи олӣ шудан аз корхонаи Кирови Ленинград оғоз шудааст. Соли 1976 таҳсил  мактаби олии ҳизбиро ғоибона ба анҷом расонадааст. Соли 1980 котиби аввали ҳизби коммунисти шаҳри Ишқобод ва соли 1984 инструктори Кумитаи марказии Ҳизби коммунист буд. Соли 1985 ба курсии Раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Сотсиалистии  Туркманистон, аз 21 декабри ҳамон сол то 16 декабри соли 1991 Котиби аввали Ҳизби коммунисти Туркманистон нишаст. Аз 1986 то 1990 узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунист гардид. 

 21-июни соли 1992 вай ҳамчун ягона номзад ба курсии президентӣ буд сарвари Туркманистон интихоб шуд. Эълон шуд, ки 99,5 дарсади сокинон ба ҷонибдории ӯ овоз доданд.  22-октябри соли 1993 бо қарори Маҷлиси Туркманистон вай сарвари ҳамаи туркманҳо эълон шуд, ки баъдан ин унвон “Туркманбошии Бузург” ном гирифт. 

Талошҳои нав: президенти якумрӣ, шоҳ, 3 миллиард доллар сармоя дар хориҷ...

Миёнаҳои дуюми соли 1993 Ҳизби демократии Туркманистон (Ҳизби коммунисти пешин) пешниҳод кард, ки салоҳиятҳои Ниёзов бидуни интихобот то соли 2002 тамдид карда шавад. Моҳи январи соли 1994 аксари сокинони қобили райъ дар як ҳамапурсӣ ин ғояро пазируфтанд. 

Худи Туркманбошӣ дар оғоз зидди он буд, ки президенти якумрӣ эълон шавад. Вай дар ҷаласаи Шӯрои куҳансолон гуфт, ки ҳақ надорад конститутсияро вайрон кунад ва пешниҳод кард, ки охири муҳлати президентии ӯ-соли 2002-ро интизор шаванд, шояд он вақт тавонанд муайян кунанд, ки президент кӣ бошад. 

Солҳои 1995-1995 кам набуданд пешниҳодҳое, ки Сафармуродро шоҳ эълон кунанд ва Туркманистонро шоҳигарӣ. Вале Шӯрои куҳансолон, ки аз қабилаҳои гуногун ташкил шуда буд, ин пешниҳодро напазируфт. Моҳи декабри соли 1999 Шӯрои олии Туркманистон қарори президенти якумриро содир кард. Соли 2002 вай ба худ унвони маршалро ҷоиз донист, дар ҳоле, ки як рӯз ҳам хизмати ҳарбӣ накарда буд. 

Моҳи ноябри соли 2002 ба ҷони Сафармурод Ниёзов сӯиқасд сурат гирифт, ҳарчанд худи сарвар осебе надид, вале бо ин баҳона аз мухолифони сарсахташ – Борис Шайхмуродов, вазири умури хориҷӣ ва Имомбердӣ Иқлимов, вазири кишоварзӣ халос шуд. Ҳардуро зиндонӣ кард ва сарнавишташон то ба ҳол номаълум аст. 

Сафармурод Ниёзов аввалин дорандаи унвони Қаҳрамони Туркманистон ва медали тиллои “Алтин Ай” (“Моҳи тиллоӣ”) буд. Соли 2004 вай аз гирифтани шашумин унвони Қаҳрамони Туркманистон даст кашид. “Ба турманҳо хоксорӣ хос аст ва ман низ чунин меҳисобам, ки шашумин бор гирифтани унвони қаҳрамонӣ ҷоиз нест”,- гуфт вай дар ҷаласаи парламони кишвараш.

Саисхонаи ӯ садҳо аспи тозии зоти ахалтекин дошт ва парки мошинҳояш дорои даҳҳо лимузинҳои гаронбаҳо буд.  Худи ӯ боре иқрор шуд, ки 3 миллиард доллар сармоя дорад ва онҳоро дар бонуфузтарин бонкҳои Аврупо, аз ҷумла дар Дойче банки Олмон нигоҳ медорад.

Вай таърихи туркманҳоро худ дубора навишт, дар биёбон майдонҳои яхӣ бунёд кард, тақвими нав ҷорӣ намуд. Тақвими ҷадиди турманӣ, ки аз соли 2002 то соли 2008 амал кард, ҷолиб буд. Вай моҳҳоро бо забони турманӣ номид. Чунончӣ, январро Туркманбошӣ номид, мартро Наврӯз, ба апрел номи модарашро гузошт, май Махтумқулӣ шуд, август Алп-Арслон, сентябр “Руҳнома” ва ғайра. Рӯзҳои ҳафта низ дигаргуна номида шуданд: душанберо Başgün (рӯзи асосӣ), сешанберо Ýaşgün (рӯзи ҷавон), чоршанберо Hoşgün (рӯзи бобарор) ...ном кард.

Академияи илмҳо, театр, сирк, китобхонаҳоро барҳам дод. Телевизионҳои маҳвораӣ ва кабелӣ мамнуъ шуданд, дастрасӣ ба интернет маҳдуд буд. Вай хеле ба зудӣ дигарандешон ва мухолифони сиёсӣ, ҳамчунин афродеро, ки донишманд буданд, ё зиндонӣ кард ё аз кишвар бо фишор берун ронд. Вай мегуфт, ки ба Осиёи Марказӣ маҳз ҳамин сиёсати ҳокимият ба кор аст.

Маҳбаси вижа

Сафармурод Ниёзов барои мухолифони сиёсии худ, вазирони шӯрида ва муттаҳамон ба ваҳҳобият зиндони вижаеро дар биёбони тасфон сохт, ки Ovadan-depe (Теппаи хушманзара)  номида мешавад. Он дар 70 километрии ҷанубу ғарбии Ишқобод, дар биёбони Қароқум ҷой гирифтааст. Мегӯянд дар тарҳрезии он худи Туркманбошӣ ширкат кард ва сохтмонашро зери назорат дошт. Дар замоне, ки Ниёзов зинда буд, мансабдорони навтаъинро ба тамошои ин зиндон мебурданд, то ошубу исён барояшон дарси ибрат шавад.

Ин зиндон низоме дорад, ки ягон маҳбаси олам надорад. Рафту агар кадоме аз маҳбусон ҷароҳат мебардошт, сардори зиндон  ба он захм намак мепошид. Дар зимистон сард аст, системаи гармидиҳанда надорад, тобистон гарм, чун боз ҳам системаи сардкунӣ надорад. Дар даҳ рӯз як маротиба оббозӣ барои зиндониён иҷозат аст ва он ҳам шабона бо оби сард. Бошандагони он тамоми муҳлати будубош аз иртибот бо олами берун маҳруманд, хешовандони онҳо иҷозаи мулоқот надоранд, рӯзномаву маҷалла нест, радио намешунаванд, телевизион тамошо намекунанд. Ба созмонҳои байналмилалӣ аслан иҷозат нест аз он дидан кунанд. Ба истилоҳ  “камераҳои кӯзпушт”-и он ҳамагӣ 120 см баландӣ доранд, ки инсон дар онҳо наметавонад бо қомат рост роҳ равад.  Онҳое, ки тамоми умр аз озодӣ маҳрум шудаанд, заҷри зиёд дода мешаванд. Аз ҷумла зери пояшон сӯзан мегузоранд, бо барқ шиканҷа мекунанд, таҷовузи ҷинсӣ мекунанд, доруҳои психотропӣ медиҳанд. Ба хешовандонашон дар бораи маргашон хабар намедиҳанд ва ҷасадашонро барнамегардонанд.

Яке аз маҳбусони он собиқ вазири умури хориҷии ин кишвра Борис Шайхмуродов буд, ки ба террори Туркманбошӣ муттаҳам шуд ва аз соли 2002 то ба имрӯз сарнавишти номуайяне дорад. мегӯянд, баъди шиканҷаи зиёд соли 2007 ҳалок шуда буд.

Марги ногаҳонӣ, интиқоли осоиштаи қудрат

Сиёсатшинос, доктори илмҳои таърих Артём Улунян дар таҳлиле аз системаи сиёсии Туркманистони замони Ниёзов менависад: "Ин системаи сиёсие буд, ки як инсон барои худ сохт. Шахсияте, ки муносибати хасмона бо мардуми худ дошт ва ба ҳеч ваҷҳ пеши касе ҳисобот намедод. Мудҳиштар аз ҳама ин роҳе ба нокуҷо буд. Системаи сиёсии ӯ худкомагӣ ба маънои аслаш буд, низоме, ки ҳаёти иқтисодӣ ва ҷамъиятиро дар сар то сари кишвар назорат мекард”.

Солҳои охир шадидан бемор буд, аз дарди дил ва қанд ранҷ мебурд. Мегӯянд борҳо дар Олмон табобат гирифтааст, ҳатто мутахассисони олмонӣ меомаданду мерафтанд. Вале билохира  21-уми декабри соли 2006 аз олам даргузашт, рӯзи 24-ум президентро дар зодгоҳаш деҳаи Қипчоқ (15 киломтераи Ишқобод) ба хок супурданд. Хабарҳое ҳам ҷой доштанд, ки мурдани ӯро ду рӯз аз ҷомеаи беруну дохил пинҳон карданд, то интиқоли қудрат дар байни элитаи ҳоким мувофиқа нашавад.

 Ҳарчанд таҳлилгарон мегуфтанд марги Туркманбошӣ кишварро ба ноамниҳо мекашад, аммо ҳокимият орому осоишта ба дасти президенти кунунӣ гузашт. Тибқи Конститутсия мебоист иҷрокунандаи вазифаи президент то инихобот раиси парлумон  Овозгелдӣ Атоев мебуд. Вале ногаҳон маълум шуд, ки зидди ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудаву тафтиш дар ҷараён аст. Аз ин рӯ Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки он замон ноиби сарвазир буд, иҷрокунандаи вазифа таъин шуд. Бахт ба рӯяш хандид, дар аввалин интихобот боз ҳам бо аксари овозҳо президенти Туркманистон интихоб шуд. Инак, ҳудудан даҳ сол аст, ки навбати ҳокимият аз ӯ ба каси дигар намегузарад ва гумон аст гузарад. Ахиран, аниқтараш 8-январи соли равон Бердимуҳаммадов пешниҳод кард, ки Қонуни асосии кишвар бозбинӣ шавад. Ҳарчанд ҷузъиёти он расонаӣ нашуд, вале коршиносон ҳадс мезананд, ки сарвари Туркманистон шояд роҳҳои қонунии ҳузур дар қудратро хоҳад ҷуст.

Баъди марги диктатор

Ҳамагӣ баъди чанд моҳи даргузашти Сафармурод Ниёзов барои решакан кардани нишонаҳои шахспарастиҳои ӯ иқдомҳои муассир анҷом гирифтанд. Охири моҳи майи соли 2008 дар шаҳри Туркманобод як пайкараи азими Ниёзовро барканданд. 3-уми майи ҳамон сол тасмим гирифта шуд, ки Арку Нейтралитет аз маркази Ишқобод ба канораҳои он кӯчонида шавад. 18-уми январи соли 2010 бо дастури президенти амалкунанда Бердимуҳаммадов Арку Нейтралитети 75-метра, ки дар болои он пайкараи баландтарини Сафармурод Ниёзоб қомат афрохта буд, канда шуд.  

Аз суруди миллӣ ва савганди садоқат исми Туркманбошӣ берун гардид, пайкараҳо ва нимпайкараҳои ӯ тадриҷан бардошта шуданд. Омӯзиши “Руҳнома” дар макотиб дигар ҳатмӣ набуд. Рӯзи занон аз рӯзи таваллуди модари Туркманбошӣ дубора ба 8-уми март баргардонида шуд. Туркманистон ба тақвими пешини худ баргашт, ҳафтаҳову моҳҳо дубора ба асли қадима номгузорӣ шуданд. 

“Руҳнома”-ро аз фурушгоҳҳо ва китобхонаҳо барчиданд ва акнун харидан ва мутолиаи китоби сарвари нави ин кишвар Бердимуҳаммадов “Ба қуллаҳои нави пешрафт” ҳатмӣ гардид.

 Аз соли 2009 пулҳои нави туркманӣ интишор ёфтанд, ки дигар расми Туркманбоширо надоштанд. Аз 1-уми апрели соли 2010 китобхонаҳо, ки замоне бо фармони Ниёзов дар баста буданд, дубора дарҳои худро ба рӯйи хонандагон боз карданд. 

   Ҳоло ҳам ҳар сол 21-уми декабр дар Туркманистон Рӯзи президенти аввалини кишвар таҷлил мешавад, ҳатто соли 2012 ба оромгоҳи ӯ воқеъ дар зодгоҳаш деҳаи Қипчоқ зиёрати умумӣ ташкил карда шуда буд.

Таҳияи Бобоҷони ШАФЕЪ

бознашр аз гӯшаи "Диктатор"-и ҳафтаномаи "Нигоҳ"

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Устод Бобоҷон дар ҳақиқат рӯзноманигори воқеъбин ва ба тамоми маънӣ босаводтарин фарди ҷомеа аст, навиштаҳояш пур аз панду ҳикмат, омӯзанда ва шахсро дар рӯҳияти одаму олам, адолату фаросат тарбия мекунад. Гӯшаи "Диктатор" воқеан барои фарди боҳуш омӯзандаву тарбиявӣ аст. Зулму бедогарӣ, бетамизиву беадолати, бесаводи ва маҳалгароии руирост оқибаташ вой дод ва нафрати таърихиро дар пай хоҳад дошт.
Хамин диктатор буд, ки сатхи зиндагии туркманхо дар Осиёи Миёна аз хама боло аст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?